29.04.26
Дар моҳҳои январ–марти соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи умумии пардохти нафақа ва ёрдампулӣ аз ҳисоби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои «Амонатбонк» ба 1 миллиарду 211,3 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101,5 млн. сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 106,9 фоизро ташкил медиҳад.
Ба ҳолати 1 апрели соли 2026 шумораи умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ 838 ҳазору 850 нафарро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда аҳамияти иҷтимоии низоми нафақаро дар таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ боз ҳам тақвият медиҳад.
Таҳлил аз рӯи манбаъҳои пардохт нишон медиҳад, ки аз маблағи умумии пардохтшуда 1 миллиарду 101,6 миллион сомонӣ тавассути муассисаҳои «Амонатбонк» амалӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 101,9 фоизро ташкил медиҳад.
Дар маҷмӯъ, нишондиҳандаҳои мавҷуда аз устувории низоми пардохти нафақа ва тадриҷан беҳтар гардидани сатҳи таъминоти иҷтимоии аҳолӣ шаҳодат медиҳанд. Афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ва фарогирии васеи нафақагирон нишон медиҳад, ки сиёсати иҷтимоии давлат дар самти ҳифзи қишрҳои ниёзманди аҳолӣ самаранок амалӣ мегардад.
0 комментария к “Шумораи нафақагирон ба 838,9 ҳазор нафар расид”