Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳамкории байналхалқӣ

Агентии омор ба ҳамаи шарикони рушд, ки таи солҳои гузашта фаъолияти худро барои рушди омори Тоҷикистон ва ба стандартҳои байналмилалӣ наздик намудани системаи миллии омор равона намуданд, изҳори сипос мекунад. АО аз соли 2015 аз шарикони рушд зерин ёрию кумак гирифт.

БОНКИ ҶАҲОНӢ

Соли 2015 Бонки ҷаҳонӣ барои такмили ТБХ ва таҳияи методологияи миллии арзёбии камбизоатӣ мусоидат намуд, ки баъд аз ин сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ва минтақаҳо барои Ҳукумат ва дигар истифодабарандагон ҳарсолон арзёбӣ мегардад.

Солҳои 2016-2018 – такмили методологияи арзёбии сатҳи камбизоатӣ барои арзёбии байналмилалӣ ва арзёбии миллии камбизоатӣ. Навсозии ТБХ, татбиқи модулҳои нав ва таъминоти барномавӣ барои ҷамъоварии маълумот дар шакли электронӣ бо ёрии планшетҳо. Гузариш аз усули куҳнаи ҷамъоварӣ дар ҳомили коғазӣ ба усули ҷамъоварии электронӣ бо ёрии технологияҳои нав. Гирифтани маълумоти муфассал барои таъмини индикаторҳои ҲРУ ва индикаторҳои СМР ҶТ то соли 2030.

Солҳои 2016-2018. Ҳамроҳ бо Муассисаи давлатии «Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ» бо ёрии техникии Бонки ҷаҳонӣ – Лоиҳаи «Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ» навсозии системаи ҷамъоварӣ, коркард ва паҳнкунии маълумот дар бораи нарх тавассути механизми SMS-хабарҳо, яъне автоматикунонии раванди ҷамъоварии нархҳои ҳаррӯза аз шаҳру ноҳияҳои муайяни кишвар (22 шаҳру ноҳия) ва ташкили паҳнкунии маълумоти истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ тавассути механизми SMS-хабарҳо. 5 ноутбук, 40 планшет ва 2 сервер ба маблағи 30 ҳазор доллари ИМА гирифта шудааст.

АО ҳамроҳ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ лоиҳаи «Баланд бардоштани рақобатпазирии бахши хусусии ҶТ»-ро татбиқ намуд. Дар доираи ин лоиҳа барои хариди 1 сервер дар маҷмуъ бо стореҷ, 5 компютер ва 1 ноутбук ёрии техникӣ расонида шуд. Инчунин давраи таҳсил ташкил гардид. Арзиши умумии лоиҳа 110,6 ҳазор доллари ИМА-ро дар бар гирифт. 

ХБА

Дар доираи барномаи такмили омори суратҳисобҳои миллӣ экспертҳои байналмилалии ХБА оид ба ҳисобҳои миллӣ соли 2016 бо мақсади расонидани ёрии техникӣ ба АО ташриф оварданд. Баъди миссия аз тарафи кормандон ҳисоби баъзе нишондиҳандаҳои ҳисобҳои миллӣ бозбинӣ гардид ва инчунин барномаи ёрии техникии АО таҳия шуд. Ин фаъолияти 18STG8500 дар заминаи лоиҳаи STA_AFR_2016_10 – Густариши ташаббуси паҳнкунии маълумот 2 (ГТПМ 2, EDDI 2) бо маблағгузории Вазорати рушди байналмилалии Британияи Кабир (ВРББК) амалӣ гардид.

Инчунин соли 2018 миссияи дуюми эксперти ХБА ба роҳ монда шуд. Ҳоло корҳо ҷиҳати такмили нишондиҳандаҳои системаи ҳисобҳои миллӣ ва татбиқи СҲМ 2008 оғоз ёфтаанд. Ба ғайр аз ин, татбиқ ва танзими таҳияи арзёбиҳои семоҳаи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) оид ба истеҳсол ва хароҷот низ ба нақша гирифта шудааст. Барои иҷрои ин вазифаҳо шакли ҳисоботи омории 1-ПД «Нишондиҳандаҳои фаъолияти иқтисодии корхонаҳо (ташкилотҳо)» бозбинӣ гардид, ки он яке аз сарчашмаҳои асосии ташкили ММД семоҳа ба ҳисоб меравад. 

БРСММ

Соли 2016 дар доираи лоиҳаи БМА-ЮНЕП ТКМА таҳлили вазъиятӣ бо мақсади ошкор намудани тайёрии техникии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи омори муҳити зист ва робитаи он бо иқтисод дар асоси омори расмӣ гузаронида шуд. Натиҷаҳои таҳлил иқтидори захиравии кофии Агентии оморро барои татбиқи Системаи баҳисобгирии экологию иқтисодӣ (СБЭИ) дар системаи суратҳисобҳои миллӣ ошкор намуд. Лоиҳаи мазкур аз соли 2016 то соли 2017 ба маблағи $22,8 ҳазор татбиқ гардид.

Бо дастгирии Барномаи рушди СММ дар доираи лоиҳаи «Ташаббуси камбизоатӣ ва муҳити зист дар Тоҷикистон» дар Агентии омор бори аввал ҷадвали пешакии СБЭИ таҳия гардид. Ҳадафи асосии ин кор ҷамъоварӣ, таҳлил ва ҳисоби нишондиҳандаҳои омори захираҳои об ва хоҷагии ҷангал, ташкили ҷадвалҳои СБЭИ бо ифодаи натуралӣ ва арзишӣ мебошад. Ин кор зинаи якуми татбиқи СБЭИ дар системаи омор аст. Дар моҳи октябри соли 2017 «Ҳисобот дар бораи натиҷаҳои татбиқи ҷадвалҳои пилотии Системаи баҳисобгирии экологию иқтисодии захираҳои об ва хоҷагии ҷангал» таҳия гардид. Инчунин ин ҳисобот дар семинари миллии «Системаҳои муштараки экологию иттилоотӣ (СМЭИ) ва омори экологӣ барои «Ҳадафҳои рушди устувор (ҲРУ)» дар Душанбе муаррифӣ карда шуд. 

Соли 2017. «Беҳтар намудани системаи омори савдо барои ташкили сарчашмаи маълумот барои феҳристи савдо» дар доираи лоиҳаи «мусоидат ба савдо». Дар натиҷаи татбиқи зерлоиҳа натиҷаҳои зерин ба даст омаданд:

  1. 1. Воситаҳои оморӣ бо мақсали коҳиши сарборӣ ба респондентҳо бо назардошти татбиқи стандартҳои байналмилалӣ такмил дода шуданд;
  2. 2. Методологияи омори савдо дохилӣ ва савдои берунӣ такмил дода шуд.
  3. 3. Донишу таҷрибаи кори мутахассисони идоракунии омори савдо ҷиҳати татбиқи стандартҳои байналмилалӣ, ба монанди Таснифоти умумии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ – ТУНФИ,2, истифодаи барномаи Tramo/Seats, истифодаи методикаи интихоб барои тадқиқоти интихобӣ, инчунин истифодаи таъминоти барномавии SPSS такмил дода шуданд.
  4. 4. Ҳамоҳангӣ бо Хадамоти гумрук дар мавриди пешниҳоди маълумоти фаъолияти савдои хориҷӣ дар сатҳи 6 аломат ва зиёда он (10 аломат) ба роҳ монда шуд.

Дар солҳои 2018-2020 Лоиҳаи БРСММ оид ба таъмини татбиқи «Харитаи роҳ» барои мониторинги татбиқи ҲРУ ба нақша гирифта шудааст.

АО бо мақсади таъмини ноилшавии пурра ба ҲРУ ва назорати натиҷаҳои корҳои иҷрошаванда бо ёрии БРСММ «Харитаи роҳ»-ро барои мониторинги татбиқи ҲРУ таҳия намуд.

Ҳамагӣ ба «Харитаи роҳ» 37 зерҷузъ дохил карда шудааст, ки барои татбиқи онҳо ҷудо намудани 150 ҳазор доллари ИМА аз ҳисоби лоиҳаи UNSD – DFID дар назар аст.

ХАЗИНАИ НУФУС ВА РУШДИ СММ

ХНРСММ аллакай дар давоми якчанд сол ба Агентии омор дар шаклҳои гуногун ёрӣ мерасонад. Махсусан дастгирии ХНРСММ дар масъалаҳои ташкилу гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 баръало назаррас аст.

Барои таҳияи санадҳои қонунгузорӣ, лоиҳаи саволномаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, лоиҳаи буҷет барои солҳои 2017-2022, гузаронидани семинарҳо барои мутахассисони раёсату шуъбаҳои барӯйхатгирии аҳолии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои тайёрии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020, гузаронидани семинарҳо барои сардорони раёсату шуъбаҳои мақомоти маҳаллии омор барои тайёрии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 ёрӣ расонида шудааст. Барои мубодилаи таҷрибаи мутахассисони АО ҷиҳати омӯхтани технологияҳои нав барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ёрии молиявӣ расонида шудааст.

Ҷиҳати татбиқи китобҳои электронии хоҷагӣ барои ҷамоатҳои ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ноутбукҳо харида шудаанд.

Дар давоми соли 2016 бо ёрии молиявии Хазинаи нуфус ва рушди СММ ба маблағи 86,7 ҳазор сомонӣ якчанд чорабиниҳо баргузор гардиданд.

  • • Ёрӣ барои навсозии сомонаи Тоҷикинфо;
  • • Тренинг оид ба беҳтар намудани сифати рамзгузории сабабҳои фавт аз рӯи ТББ-10 барои мутахассисони демография ва мутахассисони омори тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ;
  • • Тренинг оид ба тайёрии гузаронидани тадқиқи буҷети фонди вақт барои сардорон ва муовинони сардорони шуъбаҳои буҷети хонаводаҳои сарраёсатҳои омори вилоятҳо (Хатлон, Суғд ва ВМКБ), ш.Душанбе ва мутахассисони раёсати демографияи Агентии омор ва раёсати тадқиқи буҷетҳои хонаводаҳои Маркази кулли ҳисоббарории Агентии омор;
  • • Гузаронидани мониторинг ҷиҳати беҳтар намудани бақайдгирии таваллуд ва фавт дар ҷамоатҳо ва муассисаҳои тиббии вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ;
  • • Ёрии техникӣ ҷиҳати таҳияи шарҳи бозгашти муҳоҷирон.

Соли 2017 тибқи созишномаҳои ба АО басташуда бо ёрии молиявии Хазинаи нуфус ва рушди СММ якчанд чорабиниҳо гузаронида шуданд: бо мақсади танзими нусхаҳои дуюми санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ ва таъмини пурраи санадҳо ҷиҳати ба бойгонӣ супоридан 4 мушовири маҳаллӣ барои иҷрои ин кор ҷалб гардиданд. Тибқи ҳадафи техникӣ санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ оид ба таваллуд, фавт, никоҳ ва талоқ дар солҳои 2004, 2007, 2015 барои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пурра таъмин карда шуданд.

Соли 2017 барои мутахассисони демография дар доираи лоиҳа семинари таълимӣ «Дар бораи сабабҳои фавт аз рӯи Таснифоти байналмилалии бемориҳо-10 (ТББ-10)» ташкил гардид, ки ҳамагӣ 21 мутахассис дар ин семинар иштирок намуданд. Баргузории ин семинар имкон дод, ки норасоиҳои мавҷуда дар соҳаи рамзгузории дурусти сабабҳои фавт дар сатҳи минтақавӣ баррасӣ гардад.

Бо мусоидати техникии ХНРСММ дар доираи барномаи Тадқиқоти тиббию демографӣ (ТБД) барои тайёрии кормандони тиббиомаркерҳо омӯзиш гузаронида шуд. 3 марҳилаи мониторинги Тадқиқоти тиббию демографии Тоҷикистон (ТТДТ) дар соли 2017 бо иштироки эксперти байналмилалӣ аз ICF (USAID) баргузор гардид.

Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ (ФАО) (Food and Agriculture Organization, FAO)

Солҳои 2015-2017. «Арзёбии гуногунии вояи ғизои занон» дар тадқиқи буҷети хонаводаҳо ва татбиқи механизми мониторинг ва арзёбии НҲЯ-З дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон гузаронида шуд.

Иқтидори иқтисодшиносони тадқиқоти буҷетҳои хонаводаҳо дар масъалаҳои ғизо ва ҳамгироии воситаҳои гуногунии ғизо дар ТБХ баланд бардошта шуда, барои гузаронидани як қатор семинарҳо (дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа, вилояти Суғд) ёрии техникӣ пешниҳод гардид.

Солҳои 2015, 2016 ва 2017 бо мусоидати ФАО пурсиши занони синни репродуктивии 15-49-сола гузаронида шуда, дар бораи 2000 занони 15-49-сола маълумот ҷамъоварӣ гардид.

Солҳои 2017-2018 тадқиқоти «Густариши ҳуқуқҳо ва имкониятҳои занон дар соҳаи кишоварзӣ» гузаронида шуд. Дар бораи таъсири муҳоҷират ва иштироки занон дар бахши кишоварзӣ маълумоти муҳим ба даст омад.

Дар доираи лоиҳаи «Таҳкими малакаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байторӣ» семинарҳо ҷиҳати беҳтар намудани системаи бақайдгирӣ барои фермерҳо ва барои гузариш ба маълумоти электронии шакли 1-фермер “Ҳисобот дар бораи фаъолияти хоҷагиҳои фермерӣ” гузаронида шуда, феҳристи хоҷагиҳои деҳқонӣ барои омори кишоварзӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон таҳия гардид.

Иқтидори мутахассисони иқтисоду омори соҳаи кишоварзӣ ҷиҳати беҳтар намудани бақайдгирӣ барои фермерҳо ва барои гузариш ба маълумоти электронии шакли 1-фермер “Ҳисобот дар бораи фаъолияти хоҷагиҳои фермерӣ” баланд бардошта шуд.

Барои баргузории як қатор семинарҳо (дар шаҳрҳои Ваҳдат, Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ) ба маблағи $12,4 ҳазор ёрии техникӣ расонида шуд.

Соли 2018 дар доираи лоиҳаи «Тақвияти иқтидори муассисаҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорати байторӣ оид ба таҳияи сиёсат» аз тарафи ФАО ба маблағи $43 ҳазор барои нашри маводи барӯйхатгирии кишоварзӣ дар соли 2013 ва сафари таълимию шиносоӣ ба РМО Гурҷистон ёрии техникӣ расонида шуд.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар ҶТ

Соли 2017 ба андозаи $16 ҳазор барои гузаронидани тадқиқоти пилотии саволномаи бозбинишудаи модули тандурустӣ ёрии молиявӣ расонида шуда, ба тадқиқоти мунтазами ТБХ дохил гардид.

Мусоҳибагирандагон аз рӯи модули тандурустӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, дар 750 хонаводаҳо пурсиш доир гардид ва барои таҳлили натиҷаҳо дар андозаи SPSS ба СҶТ пешниҳод карда шуд.

Дар доираи лоиҳаи “STEP” аз тарафи Намояндагии СҶТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани листинги хонаводаҳо ҷиҳати «Тадқиқот барои арзёбии сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёрии техникию молиявӣ расонида шуд.

Соли 2016 ба андозаи $11 ҳазор ба АО барои гузаронидани «Интихоби кластерҳо ва листинги хонаводаҳо» дар минтақаҳои Тоҷикистон ёрии молиявӣ расонида шуд ва рӯйхати ислоҳшудаи хонаводаҳо ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ пешниҳод гардид. Дар доираи ин лоиҳа 22 мутахассиси Агентии омор ҷиҳати гузаронидани листинг ба таълим фаро гирифта шуданд.

Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ)

Ҳамасола барои беҳтар намудани нишондиҳандаҳо оид ба занону кӯдакон дар доираи ТрансМонӣ ва Tojinfo ёрӣ расонида мешавад. Гузориши таҳлилии кишвар оид ба мушкилоти занону кӯдакон таҳия гардид. Нишондиҳандаҳо дар заминаи ТрансМонӣ ва Tojinfo оид ба демография, камбизоатӣ, омори иҷтимоӣ, бозори меҳнат, ҷанбаҳои гендерӣ ва нишондиҳандаҳои кӯдакону наврасон навсозӣ шуданд.

UNESCAP / КИИОУО СММ

Солҳои 2016-2017. Барои гузаронидани маржаи тиҷоратӣ ба маблағи $22,0 ҳазор ёрии молиявӣ ва техникӣ расонида шудааст.

Ҳадафи ин тадқиқот гирифтани маълумоти муҳим дар бораи маржаи тиҷоратӣ ва сохтори он аз рӯи фаъолият тибқи ТУНФИ, таҳрири 2 (NACE Rev.2) ва намудҳои маҳсулот тибқи ТНММХ 2008 (CPA 2008) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Натиҷаҳои ин тадқиқот имкони ҳамоҳангсозии маълумоти омориро тибқи стандартҳои байналмилалӣ фароҳам оварданд, ки барои ҳисоби СҲМ низ истифода бурда мешаванд.

Ин ба Агентии омор имкон дод:

  • – пойгоҳи маълумоти суратҳисобҳои миллиро бо нишондиҳандаҳои нави савдо беҳтар намояд;
  • – дар бораи маржаи тиҷоратии сохтори зарурӣ маълумоти муҳим гирад;
  • – ҳисобу арзёбии нишондиҳандаҳои макроиқтисидро бо иловаҳои нави нишондиҳандаҳои савдо беҳтар намояд;
  • – натиҷаҳои тадқиқотро дар ҷадвалҳои «Захираҳо ва истифода» истифода барад;
  • – маълумотро дар Ферҳристи фаъолият фаъол гардонад.

Натиҷаҳои тадқиқот дар нишасти байниидоравии гурӯҳи корӣ ба намояндагони вазорату идораҳои ҶТ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагони ВАО пешниҳод ва баррасӣ гардиданд.

Барномаи INOGATE

Солҳои 2012-2016 аз рӯи лоиҳаи «Такмили методология ва воситаҳои омори энергетикӣ», ки ҳадафи асосии он мусоидат ба таҳияи доираҳои институтсионалии омори энергетикӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ, инчунин такмили методологияҳои ҳангоми ҷамъоварии маълумот ва таҳияи омори энергетикӣ, тавозунҳои энергетикӣ, омори нархҳои энергия ва нишондиҳандаҳои энергетикӣ (нишондиҳандаҳои самаранокии энергетикӣ) истифодашаванда мебошад. Дар натиҷаи татбиқи зерлоиҳа методологияи баҳисобгирии омори энергетикӣ такмил дода шуд, инчунин шаклҳои нави омории 4А –Таъминот «Ҳисобот дар бораи харид, фурӯш ва захираҳои энергетию қувваи барқ» ҷорӣ гардиданд.

Маркази тадқиқоти стратегӣ, тайёрии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва касбии ҳайати корӣ барои икшварҳои исломӣ (SESRIK).

Соли 2016 тренинг аз рӯи методологияи арзёбии камбизоатӣ дар кишварҳои ОМ ва ИА гузоранида шуд.

Соли 2016 АО аввалини пурсиши миллии аҳолии калонсолро дар бораи истифодаи маҳсулоти тамоку дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуд ва SESRIK ба маблағи $10,0 ҳазор ёрии техникӣ расонд.

Пурсиши аҳолии калонсол дар бораи истифодаи маҳсулоти тамоку (Global Adult Tobacco Survey (GATS) дар ҶТ соли 2016 пурсиши хоси миллии мардону занони синни 15-сола ва аз он боло мебошад, ки бо мақсади гирифтани маълумоти байналмилалии муқоисашаванда оид ба истифодаи тамоку ва ченакҳои назорати он бо истифодаи саволномаи стандартӣ, ташкили интихоб, ҷамъоварии маълумот ва расмиёти идоракунӣ таҳия шудааст.

Дар пурсиш нақшаи чормарҳилавии интихоби парокандагии гуногун бо мақсади гирифтани нишондиҳандаҳои калидӣ барои кишвар дар маҷмуъ, инчунин аз рӯи ҷои истиқомати доимӣ (шаҳр/деҳа) ва аломатҳои ҷинсӣ истифода бурда шудааст. 3000 шахс дар синни 15-сола ва аз он боло бомуваффақият пурсида шуданд, ки фоизи посухдиҳандаҳо 100 фисадро дар бар гирифт. Дар натиҷаи гузаронидани пурсиши аҳолии калонсол дар бораи истифодаи маҳсулоти тамоку (GATS) дар ҶТ оид ба истифодаи маҳсулоти тамоку, қатъи тамокукашӣ, истифодаи маҳсулоти бедуди тамоку (нос), тамокукашии ғайрифаъол, инчунин донишу муносибат ва эътиқод вобаста ба зиёни истеъмоли тамоку маълумот ба даст омад. 

Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ)

Дар аввали соли 2014 бо ёрии Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ) татбиқи лоиҳаи «Шартҳои чорчӯбавӣ ва маблағгузорӣ барои рушди бахши хусусӣ дар Тоҷикистон» оғоз ёфт. Барои татбиқи ин лоиҳа вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҷалб гардиданд. АО низ барои татбиқи ҷузъи лоиҳа оид ба тартиб додани Матритсаи ҳисобҳои иҷтимоӣ ҷалб гардид. Ин лоиҳа ба сифати воситаи мувозӣ нигоҳ доштани ҳисоби Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ бо усули истеҳсолию хароҷотӣ истифода бурда мешавад. Ба ғайр аз ин, истеҳсол ва истеъмолро аз рӯи намудҳои фаъолияти иқтисодӣ ва намудҳои маҳсулот (хизматрасонӣ) тасниф кардан лозим буд.

Барои татбиқи ин лоиҳа эксперти байналмилалӣ ҷалб гардид. Кор дар давоми солҳои 2014-2015 идома ёфт. Соли 2014 варианти пилотии ҷадвали захираҳо ва истифодаи онҳо ва дар аввали соли 2015 варианти пурраи ҷадвал бо тақсимоти бештар имконпазири муфассал аз рӯи бахшҳои иқтисод таҳия гардид. Дар сентябри соли 2015 нашрияи «Ташкили ҷадвалҳои “Истифодаи захираҳо” аз ҷамъбасти соли 2011» ба истифодабарандагон пешниҳод карда шуд.

Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID)

Солҳои 2017-2018. Барои гузаронидани Тадқиқоти тиббию демографӣ (ТТД), мусоидат ба ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот, ки барои банақшагирӣ, мониторинг ва арзёбии барномаҳо оид ба аҳолӣ, тандурустӣ ва ғизо заруранд, ёрии техникӣ расонида шудааст. Лоиҳа бо ёрии ICF International Роквилл, Мерилэнди ИМА дар ҳамкорӣ бо Мактаби тандурустии ҷамъиятии Ҷон Ҳопкинс Блумберг/Маркази барномаҳои коммуникатсионӣ, Барномаи технологияҳои дахлдор дар соҳаи тандурустӣ (РАТН), инчунин AvenirHealth (Саломатии оянда), VysnovaPartners (Шарикони Виснова), ширкатҳои «BlueRaster» (Растери кабуд), «EnCompass» ва «Kimetrica» татбиқ мегардад.

АО ба сифати агентии иҷрокунанда гузаронидани Тадқиқоти тиббию демографиро ба зимма гирифта, бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамкории зичро ба роҳ мондааст. АО ҳалли фаврии масъалаҳои банақшагирӣ ва гузаронидани корҳои саҳроӣ, коркарди маълумоти ҷамъоваришуда, ташкили таҳия ва паҳнкунии ҳисоботҳоро низ ба зимма гирифтааст.

Барои гузаронидани Тадқиқоти тиббию демографӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ва донорҳои дигар, ба мисли Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (UNICEF) ва Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) ёрии молиявӣ пешниҳод намуданд.

Кормандони барномаи Тадқиқоти тиббию демографӣ (theDHSProgram) аз ширкати ICF дар рафти ҳамаи марҳилаҳои тадқиқот ёрии техникӣ расонданд. То сентябри соли 2018 ҳисоботи асосӣ аз натиҷаҳои ТТД/соли 2017 таҳия ва муаррифӣ мегардад.

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...