Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Роҳбарият

НУРМАҲМАДЗОДА Ҷамшед – Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

14 декабри соли 1960 таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Соли 1983 Доншигоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1983 ба сифати назоратчӣ-тафтишотчии идораи назорати тафтишотии раёсати молияи вилояти Қӯрғонтеппа оғоз намудааст. Солҳои 1988-1990 назоратчӣ-тафтишотчии шуъбаи молияи ноҳияи Коммунистӣ, 1990-1993 сарназоратчӣ-тафтишотчӣ, 1993-1994 муовини сардори раёсати молияи вилояти Қӯрғонтеппа, 1994-2001 сардори раёсати назорати давлатии молиявӣ ва тафтишотии Раёсати молия дар вилояти Хатлон ва солҳои 2001-2006 ба сифати мудири бахши раёсати назорати давлатии молиявии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон кор кардааст.

 Аз соли 2006 то соли 2012 ба сифати муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2012-2013 муовини раиси вилояти Суғд таъин гардид.

Сипас солҳои 2013-2015 дар вазифаи раиси раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» кор кардааст.

Аз соли 2015 то 2020 ба сифати Раиси Бонки миллии Тоҷикистон кор кардааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2023 директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Соли 2011 бо нишони фахрии “Аълочии молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардидааст.

Соли 2020 бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардидааст.

Оиладор соҳиби 4 фарзанд.


Асо Нурулло Асват – муовини якуми директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 сентябри соли 1978 таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Соли 1999 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (рӯзона), соли 2011 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ғоибона) ва соли 2020 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисосҳои ҳисоби бухгалтерӣ ва аудит, иқтисод ва идора дар соҳаи геология ва саноати кӯҳкорӣ, идоракунии ҳайати кадрӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1999 ба сифати муҳосиби шуъбаи муҳосиботи Корхонаи муштараки Тоҷикистону Австрия “Рахш” оғоз намудааст. Солҳои 1999-2000 ба сифати менеҷери Корхонаи муштараки Тоҷикистону Австрия «Рахш», 2000-2002 муҳандиси шуъбаи таъминоти масолеҳи сохтмони техникӣ, 2002-2004 иқтисодчӣ оид ба меҳнати шуъбаи банақшагирии иқтисодӣ, 2004-2006 ҷонишини директори генералӣ оид ба масъалаҳои умумӣ, 2006-2008 директори молиявӣ, 2008-2017 директори ҶСК СМ ГСС Данғара кор кардааст.

Солҳои 2017-2018 ҳамчун сардори шуъбаи омори молия ва тавозун, 2018-2019 сардори Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2019-2023 дар вазифаи сардори Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе кор кард.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2023 муовини якуми директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Соли 2017 бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардидааст

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.


Мирзоён Нодир Рамазонӣ – муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 августи соли 1973 таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Соли 1995 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон  ва соли 2004 Донишгоҳи давлатии Иёлоти Небраскаи ИМА-ро бо ихтисосҳои муҳандис-технолог, муҳандис-барномасоз хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1990 ба сифати челонгари Кооперативи сохтмонии “Бинокор”-и ноҳияи Данғара оғоз намудааст. Солҳои 1995-1996 ба сифати иқтисодчии дараҷаи дуюм, 1996-1997 муҳосиби дараҷаи дуюми шуъбаи Бонки миллии Тоҷикистон, 1997-1998 муҳосиби асосии шуъбаи №84, “Амонатбонк” дар ш. Душанбе кор кардааст.

Солҳои 2004-2005 шунавандаи курсҳои магистрии Донишгоҳи давлатии Иёлоти Небраскаи ИМА буда, солҳои 2005-2007 ба сифати тарҷибаомӯз дар ИМА фаъолият кардааст.

Солҳои 2007-2009 ба ҳайси муҳандиси дараҷаи 1-уми шуъбаи амалиётҳои бонкӣ, Департаменти иттилооти технологии ҶСК «Ориёнбонк» дар шаҳри Душанбе кор кардааст.

Солҳои 2009-2010 ба сифати аъзои Кумитаи инноватсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Сардори шуъбаи иттилооти технологии  ширкати «Инновейтив Роуд  солюшнз Лтд», 2010 -2011 раиси Ташкилоти ибтидоии «Неру»-и Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, 2011-2012 ёвари директори Муассисаи давлатии «Мудирияти минтақаи зериобшавандаи НБО – РОҒУН» , 2012-2014 муовини директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон», 2014-2016 муовини мудири маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2016-2020 сардори маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2020 муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

 Оиладор, соҳиби 2 фарзанд


Назарзода Зарина Нарзиқул  – муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 июли соли 1972 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (Бохтари хозира) таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Соли 2015 Донишгоҳи иқтисодии Тоҷикистонро бо ихтисоси омор-иқтисодчӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1991 ба сифати ҳисобдори шуъбаи материалии шуъбаи маорифи ноҳияи Марказии (Фирдавсии ҳозира) шаҳри Душанбе оғоз намудааст. Солҳои 2006-2009 ба ҳайси мутахассис, 2009-2010 мутахассиси пешбар, 2010-2013 сармутахассиси шуъбаи саноат ва сохтмон, 2013-2019 сардори раёсати омори саноат ва сохтмон, 2019-2023 сардори раёсати омори хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёт, алоқа ва хизматрасонӣ,  аз январи соли 2023 ба сифати муовини сардори Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 марти соли 2023 муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Оиладор.

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...