Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Лоиҳаи “ Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон”

Маълумот дар бораи лоиҳа:

Стратегияи миллии рушди омор барои давраи то соли 2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №585 тасдиқ гардид.

28 майи соли 2021 аз ҷониби Шӯрои  директорони Бонки Ҷаҳонӣ ба андозаи 10 млн.доллари ИМА ҳамчун грант аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ҷиҳати татбиқи лоиҳаи навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон қобили қабул дониста шуд.

25 июни соли 2021 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 196 дар бораи дасстгирии созишномаи грантӣ оид ба маблағгузории Лоиҳаи “ Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон” байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, ба тавсиб расид.

Қарори Маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқи Созишномаи грантии Лоиҳаи “ Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон” 30 июни соли 2021, № 472 ба тавсиб расид.

Самаранокии лоиҳа бошад санаи 18 ноябри соли 2021 оғоз гардид.

Муассисаи татбиқкунандаи лоиҳа: Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мақсади татбиқи лоиҳаи мазкур ин фароҳам овардани имконияти бештар ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати навкунии маълумотҳои оморӣ, паҳнкунӣ ва беҳтар кардани алоқамндӣ миёни истифодабарандагони маълумоти оморӣ мебошад.

Лоиҳаи “ Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон” ба татбиқи бандҳои асосии Стратегияи миллии омор барои давраи то соли 2030, устувор намудани қобилияти касбии кормандон дар низоми миллии омор нигаронида шудааст.

ҚИСМАТҲОИ АСОСИИ ЛОИҲА:

Қисмати 1: Мустаҳкамнамоии иқтидори инстутсионалии Агентии омор ва беҳтарнамоии инфрасохтори техналогияҳои информатсионӣ ва коммуникатсионӣ

Қисмати2: Устуворкунии низоми маълумотҳои оморӣ, паҳнкунӣ ва истифодаи маълумот

Қисмати 3: Идоракунии лоиҳа

Нақшаи идоракунии муҳити экологию иҷтимоӣ.pdf

Нақшаи ҳамкориҳои мутақобила бо тарафҳои манфиатдор.pdf

Равиши ба танзимдарории муносибатҳои меҳнатӣ.pdf


Арзу шикоят ва пешниҳодҳо

Лоиҳаи “ Навкунии низоми миллии омор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маълумоти Шумо мерасонад, ки арзу шикоят ва пешниҳоди худро

ба почтаи электронии admin@mnssp.tj ирсол намоед.

Барои баррасӣ намудани арзу шикоят ва пешниҳоди Шумо ному насаб, рақами телефон ва суроғаи худро қайд кардан ҳатмист.

Инчунин Шумо метавонед арзу шикоят ва пешниҳоди худро ба воситаи телефонҳои боварии +992 37 227 49 01 ва +992 93 804 99 51 иброз намоед.

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...