09.09.25
Ҳамкорони азиз!
Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯйдоди таърихие, ки дар таърихи навини миллати куҳанбунёди тоҷик гардиши кулливу сарнавиштсозро ба вуҷуд овард ва мардуми мо ба шарофати ин падидаи зиндагисоз тақдири ояндаи давлату миллати худро ба дасти хеш гирифт, имсол 34-сола шуд.
Ба муносибати ин ҷашни муқаддаси миллӣ ҳамаи шумо, ҳамкасбони азизро сидқан ва самимона табрик мегӯям.
Вақте мо аз истиқлолу озодӣ, сарҷамъиву якдилӣ ва ободию осоиштагии Ватан мегӯем, беихтиёр симои Пешвои муаззами миллат пеши назар меояд. Зеро маҳз бо талошҳои ин марди хирадманду дурандеш истиқлоли расмии Тоҷикистон ба истиқлоли воқеӣ табдил ёфт.
Ҷойи таъкид аст, ки маҳз расидан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ва бо ҳамин роҳ аз хатари нобудӣ наҷот додани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик дастоварди бузургтарини таърихии мо дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад, ки дар натиҷаи заҳматҳои шабонарӯзӣ, ҷонбозиҳо, ватандӯстиву ватанапарастӣ ва дар маҷмуъ сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба он муваффақ гардидем.
Имрӯз Тоҷикистон азизи мо бо шарофати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳо ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст.
Маълумоти оморӣ нишон медиҳанд, ки давоми ин 34 соли соҳибистиқлолӣ дар тамоми бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар рушди устувор таъмин гардида, заминаҳои мусоид барои пешрафти рӯзафзун гузошта шудаанд.
Табқи маълумотҳои оморӣ соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуда, дар давоми панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод.
Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои мушаххас даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расида, нишондиҳандаи мазкур 3 баробар зиёд гардид. Музди миёнаи меҳнат бошад, беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт.
Дӯстони азиз!
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми 34 соли истиқлоли давлатӣ давра ба давра ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст ва роҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сӯи рушду пешрафт идома дорад. Итминон дорем, ки давоми як соли оянда, ки соли омодагӣ ба ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад, мардуми мо ва тамоми сохторҳои давлатӣ ба дастовардҳои боз ҳам бузургтару назаррастар ноил мегарданд.
Дар ин баробар, дар қатори дигар самтҳо соҳаи омори миллӣ ҳам ҳамасола ба дасотвардҳои назаррас ноил мегардад.
Агентии омор дар давоми 34 соли соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои сахту сангини зиёди иқтисодӣ ва молиявӣ дар баланд бардоштани сифату ҷамъоварӣ ва муаррифии маълумоти омории соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиёти миллӣ, зиёд шудани муносибатҳои муштарак бо созмонҳои гуногунсатҳи соҳавӣ, идомаёбии табодули таҷрибаи мутахассисон ва татбиқсозии таҷрибаи муосири байналмилалии оморӣ ба дастовардҳои назаррас сазовор гардидааст.
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар аз ҷониби Агентии омор дар солҳои 2000 ва 2010 барӯйхатгирии аҳолӣ, соли 2013 барӯйхатгирии кишоварзӣ ва соли 2020 барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил бо муваффақият гузаронида шуд, ки кормандони мақомоти омор дар онҳо малакаи баланди касбӣ нишон доданд.
Давоми чанд соли охир мақомоти омори ҷумҳурӣ бо дастгирии ҳамаҷонибаи Президенти муҳтарами кишвар ва Ҳукумати мамлакат махсусан дар самти мукаммалсозии сифати паҳншавии омори расмӣ, электроникунонии пурраи ҳисоботҳо, ба низоми электронӣ гузаронидани китобҳои баҳисобгирии хоҷагиҳои ҷамоатҳои деҳот ва шаҳрак, кам кардани сарбории ҳисоботии ҳисоботсупорандагон бо роҳи ҷорӣ намудани 231 шакли электронии пешниҳоди ҳисоботҳои оморӣ, таъмини дастгоҳу таҷҳизотҳои муосир барои ҷамъоварӣ ва ҳифзи маълумотҳо, таъмиру таҷдид ва таъмини шароити мусоиди корӣ барои кормандони Дастгоҳи марказии Агентӣ ва мақомоти маҳаллии омор ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Бовар дорам, ки дар оянда низ кормандони соҳаи омор барои рушди устувори кишвар содиқонаву софдилона заҳмат мекашанд.
Бо чунин таманниёти нек ба ҳамаи шумо, ҳамкорони азиз ҷашни бузурги Истиқлоли давлатиро самимона шодбош гуфта, бароятон дар зиндагиву фаъолияти корӣ муваффақиятҳо таманно менамоям!
Ҷашни Истиқлол муборак!
0 комментария к “ПАЁМИ ТАБРИКИИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БАХШИДА БА 34 СОЛАГИИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ”