Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

КОҲИШИ НИКОҲ ВА ТАЛОҚ ДАР ТОҶИКИСТОН

КОҲИШИ НИКОҲ ВА ТАЛОҚ ДАР ТОҶИКИСТОН

Тибқи маълумоти мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ), дар моҳҳои январ–марти соли 2026 дар ҷумҳурӣ 14 ҳазору 913 ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 18,5 фоиз кам мебошад. Дар се моҳи аввали соли гузашта ин нишондиҳанда 18 ҳазору 288 ҷуфтро ташкил медод/

Коэффитсиенти умумии никоҳ дар ин давра ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 5,6 ададро ташкил намуд. Аз рӯи минтақаҳо сатҳи баландтарини никоҳ дар вилояти Суғд ба қайд гирифта шуда, ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 6,2 никоҳ рост омадааст. Дар вилояти Хатлон ин нишондиҳанда 5,7, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 5,4 ва дар шаҳри Душанбе 4,7 ададро ташкил дод. Нишондиҳандаи пасттарин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мушоҳида гардида, 2,6 ададро ташкил намудааст.

Ҳамзамон, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар баробари коҳиш ёфтани шумораи никоҳҳо, сатҳи бекоршавии ақди никоҳ низ тамоюли коҳишёбӣ дорад. Дар моҳҳои январ–марти соли 2026 шумораи бекоршавии ақди никоҳи ба қайдгирифташуда 1 ҳазору 893 ҷуфтро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025-ум 8,6 фоиз кам гардидааст. Дар ҳамин давраи соли гузашта 2 ҳазору 72 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда буд.

Коэффитсиенти умумии бекоршавии ақди никоҳ дар ҷумҳурӣ ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 0,7 ададро ташкил намуд. Аз рӯи минтақаҳо нишондиҳандаи баландтарини бекоршавии ақди никоҳ дар вилояти Суғд, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе мушоҳида гардида, ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 0,9 адад рост омадааст. Дар ВМКБ ин нишондиҳанда 0,6 ва дар вилояти Хатлон 0,4 ададро ташкил додааст.

Ба назари ҷомеашиносон ва коршиносони соҳаи демография, паст гардидани сатҳи бекоршавии ақди никоҳ метавонад натиҷаи тадриҷан баланд гардидани маърифати оиладорӣ, афзоиши нақши суннатҳои миллӣ ва таҳкими масъулияти ҷавонон дар муносибатҳои оилавӣ бошад. Дар солҳои охир татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, омӯзиши масъулияти оиладорӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим низ дар устувории муносибатҳои оилавӣ нақши муҳим гузошта истодааст.




0 комментария к “КОҲИШИ НИКОҲ ВА ТАЛОҚ ДАР ТОҶИКИСТОН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон