Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ИСТЕҲСОЛИ 282 ТОННА ПИЛЛА ДАР ПАНҶ МОҲ

ИСТЕҲСОЛИ 282 ТОННА ПИЛЛА ДАР ПАНҶ МОҲ

Кирмакпарварӣ ва коркарди пилла яке аз шуғлҳои қадимтарини мардуми тоҷик ва соҳаи сердаромаду афзалиятнок ба ҳисоб рафта, истеҳсоли пилла барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ аҳамияти калон дорад. Бо дарки аҳамияти ин соҳа, дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар 281,9 тонна пилла истеҳсол гардидааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1,6 баробар зиёд мебошад.

Дар ин давра истеҳсоли пилла дар хоҷагиҳои вилоятҳои Хатлон 180,1 тонна, Суғд 76,1 тонна ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 25,7 тоннаро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки дар мамлакат «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» амал мекунад, ки мақсади асосии барномаи мазкур фароҳам овардани шароит ва замина барои рушди босуботи соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи механизмҳои иқтисодӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳои бевосита ба соҳа ба шумор меравад.




0 комментария к “ИСТЕҲСОЛИ 282 ТОННА ПИЛЛА ДАР ПАНҶ МОҲ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...