Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ 55-УМИ КОМИССИЯИ ОМОРИИ СММ

ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ 55-УМИ КОМИССИЯИ ОМОРИИ СММ

Ҳайати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода дар Ҷаласаи 55-уми Комиссияи омории Созмони Милали Муттаҳид, ки аз 27-уми феврал то 1-уми марти соли ҷорӣ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА баргузор мегардад, иштирок доранд.

Комиссияи омории СММ мақоми олии низоми байналмилалии оморӣ ба ҳисоб рафта, ҳамасола дар ҷаласаҳои он стандартҳои ҷаҳонии ҷамъоварӣ, таҳлил ва паҳнкунии маълумотҳои оморӣ баррасӣ ва тасдиқ карда мешаванд. Дар ҷаласаи мазкур гузоришҳо оид ба принсипҳои асосии омори расмӣ, нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор ва мушкилиҳои ҷойдошта, низоми ҳисобҳои миллӣ, сарчашмаҳо ва усулҳои нави ҷамъоварии маълумотҳои оморӣ, махсусан истифодаи маълумотҳо калон, баррасӣ мегардад.

Дар назар аст, ки дар рафти ҷаласаи сатҳи баланди навбатӣ роҳбарони аввали мақомоти омори давлатҳо оиди дастовард ва рушди низоми омори миллӣ бо ҷалби шарикони рушд, истифодаи техникаву технологияҳои муосир, гузариш ба ҳисоботи электронӣ ва ҳамгироии махзани маълумотҳо бо дигар вазорату идораҳо, дарёфт ва ба ҳисоботҳо ворид намудани маълумотҳо аз дигар манбаъҳои нави омори расмӣ табодули таҷриба намуда, мушкилотҳои ҷойдошта мавриди муҳокима қарор дода шаванд.

Дар рӯзи аввали кори ҷаласа вобаста ба мавзӯи принсипҳои асосии омори расмӣ маърӯзаи Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ироа гардида, дар назар аст, ки дар дигар мавзуъҳо низ ҳайати Тоҷикистон маърӯзаҳои расмии худро пешниҳод намоянд.




0 комментария к “ИШТИРОКИ ҲАЙАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҶАЛАСАИ 55-УМИ КОМИССИЯИ ОМОРИИ СММ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...