Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Дар шаш моҳи соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 802 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд

Дар шаш моҳи соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 802 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд

Натиҷаҳои омори расмӣ нишон медиҳанд, ки дар моҳҳои январ–июни соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаи сохтмон идома ёфта, ҳаҷми ба истифода додани манзил ва иншооти муҳими иҷтимоӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба таври назаррас афзоиш ёфтааст.

Дар ин давра ба масоҳати умумии 802,9 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба шаш моҳи аввали соли қаблӣ 1,5 баробар зиёд мебошад.

Аз рӯи минтақаҳо ҳиссаи бештари манзилҳои нав ба шаҳри Душанбе рост омада, дар пойтахт 265,6 ҳазор метри мураббаъ ё 33,1 фоизи ҳаҷми умумии манзилҳои ба истифода додашуда сохта шудааст. Дар вилояти Суғд 255,4 ҳазор метри мураббаъ ё 31,8 фоиз, дар вилояти Хатлон 202,9 ҳазор метри мураббаъ ё 25,3 фоиз ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 71,5 ҳазор метри мураббаъ ё 8,9 фоиз манзил ба истифода дода шудааст.

Дар баробари рушди манзилсозӣ, сохтмони иншооти иҷтимоӣ низ идома меёбад. Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 5 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 11 ҳазору 675 ҷойи нишаст сохта ва мавриди истифода қарор гирифт. Аз ин шумора 6239 ҷой ба вилояти Хатлон, 2308 ҷой ба вилояти Суғд, 3032 ҷой ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 96 ҷой ба ВМКБ рост меояд.

Ҳамчунин, барои беҳтар намудани фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, дар ин давра муассисаҳои томактабӣ барои 1792 ҷой ба истифода дода шуданд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон муассисаҳо барои 1204 ҷой, дар вилояти Суғд барои 128 ҷой ва дар шаҳри Душанбе барои 460 ҷой сохта шуданд.

Дар самти рушди инфрасохтори тандурустӣ низ корҳои назаррас анҷом дода шуда, дар давраи зикршуда дармонгоҳҳо барои 276 қабули беморон дар як баст сохта ва ба истифода дода шуданд.

Рушди устувори соҳаи сохтмон аз ҷумлаи нишондиҳандаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат буда, идомаи татбиқи барномаҳои давлатӣ дар ин самт барои боз ҳам беҳтар гардидани сифати зиндагии аҳолӣ аҳамияти калидӣ дорад.




0 комментария к “Дар шаш моҳи соли 2026 дар Тоҷикистон беш аз 802 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон