15.05.26
Аз 14 то 16 май дар ноҳияи Рашт бо ташаббуси Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омӯзишию методӣ оид ба татбиқи шаклҳои нави ҳисоботи оморӣ баргузор гардида истодааст.
Чорабинии мазкур бо мақсади иҷрои талаботи Фармоиши директори Агентӣ «Дар бораи тасдиқ ва ҷорӣ намудани шаклҳои ҳисоботи оморӣ», таъмини татбиқи самараноки шаклҳои нави ҳисоботӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи мутахассисон, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва фарогирии пурраи субъектҳои хоҷагидор ба ҳисоботи оморӣ роҳандозӣ гардидааст.
Дар кори семинар кормандони ҷамоатҳо, муҳосибон, намояндагони субъекту корхонаҳои дахлдор аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт иштирок намуда, вобаста ба тартиби пешниҳоди ҳисоботҳои оморӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ва шаклҳои нави ҳисоботӣ маълумоти муфассал мегиранд.

Дар семинар Қосимзода Хуршед – сардори Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Агентӣ, инчунин Асматбекзода Фирдавс — сардори Раёсати омори саноат ва инноватсияҳо дар сохтмони Агентӣ иштирок намуда, доир ба масъалаҳои вобаста ба ҳисоботҳои омории соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сохтмон, иншоотҳои ҷашнӣ, иншоотҳои иҷтимоӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидор тавзеҳоти зарурӣ пешниҳод намуданд.
Таъкид гардид, ки такмилу таҷдиди шаклҳои ҳисоботи оморӣ аз дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Агентӣ ва талаботи замони муосир бармеояд. Ҳамзамон, дар доираи татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ оид ба рақамикунонии иқтисодиёт ва рушди низоми миллии омор масъалаи мутобиқ намудани ҳисоботи оморӣ ба талаботи муосир, такмили низоми ҷамъоварии маълумоти оморӣ ва таъмин намудани фарогирии пурраи ҳисоботсупорандагон яке аз самтҳои муҳими фаъолият арзёбӣ гардид.
Дар рафти семинар ба иштирокчиён оид ба шаклҳои нави ҳисоботи оморӣ, аз ҷумла шаклҳои №1-растанипарварӣ, №24-чорводорӣ, №24-моҳипарварӣ ва №1-МУК (маҳсулоти умумии кишоварзӣ) маълумоти муфассал пешниҳод гардида, тартиби дуруст пур намудани онҳо ба таври амалӣ шарҳ дода мешавад.

Қайд карда шуд, ки ҷорӣ намудани шаклҳои нави ҳисоботӣ барои кам намудани сарбории ҳисоботсупорандагон, содагардонии пешниҳоди ҳисоботҳо, бартараф намудани такроршавии нишондиҳандаҳо, баланд бардоштани сифату эътимоднокии маълумоти оморӣ ва рушди минбаъдаи раванди рақамикунонӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, иштирокчиён доир ба масъалаҳои вобаста ба фарогирии пурраи субъектҳои хоҷагидор, дуруст ба роҳ мондани ҳисоботи оморӣ дар соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, иншоотҳои ҷашнӣ ва дигар самтҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ мубодилаи афкор намуда, ба саволҳои худ посухҳои мушаххас мегиранд.
0 комментария к “ДАР НОҲИЯИ РАШТ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШИЮ МЕТОДӢ ОИД БА ТАТБИҚИ ШАКЛҲОИ НАВИ ҲИСОБОТИ ОМОРӢ ҶАРАЁН ДОРАД”