Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИ БАХШИ ОМОРИ ХАЗИНАИ КУДАКОНИ СММ (ЮНИСЕФ)

ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИ БАХШИ ОМОРИ ХАЗИНАИ КУДАКОНИ СММ (ЮНИСЕФ)

Дар ҳошияи ҷаласаи 57-уми Комиссияи омори СММ вохӯрии Директори Агентии омор – Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо Роҳбари бахши омори Хазинаи кудакони СММ ҷаноби Ҷао Педро Авезедо сурат гирифт.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои гузаронидани таҳқиқоти омории МИКС – Таҳқиқоти мултииндикатории кластерӣ, ки махсус ба самти омори кудакон нигаронида шудааст, гузаронидани санҷишии модулҳои алоҳидаи ин таҳқиқот дар Тоҷикистон давоми соли 2026, дастгирии Агентии омор оид ба Таснифоти нав дар самти нигоҳубини алтернативии кудак, ки яке аз масъалаҳои баррасишавандаи ҷаласаи 57-уми Комиссияи омории СММ мебошад, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Директори Агентии омор қайд намуд, ки таҳқиқоти пешбинишаванда барои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурӣ ва саривақтӣ ба ҳисоб рафта, аз рӯи ин таҳқиқот маълумотҳои оморӣ дар самти саломатии модару кӯдак, таъмини об ва санитария, баробарии гендерӣ, вазъи хонаводаҳо ва дигар нишондиҳандаҳои лозима ба даст оварда мешавад.

Ҷаноби Педро Азеведо иброз дошт, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таҳқиқоти мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, ҳамзамон вусъати ҳамкориҳои ду ҷонибро барои ҳалли дигар масоили марбут ба омор муҳим арзёбӣ кард.




0 комментария к “ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИ БАХШИ ОМОРИ ХАЗИНАИ КУДАКОНИ СММ (ЮНИСЕФ)

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон