Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Тренинги омӯзишии 10 рӯзаи минтақавӣ

Тренинги омӯзишии 10 рӯзаи минтақавӣ

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо идораи минтақавии хазинаи нуфузи Созмони Миллали Муттаҳид дар давлатҳои Аврупои шарқию Осиёи миёна ва намояндагии хазинаи нуфуз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги омӯзишии 10 рӯзаи минтақавиро мегузаронад.

Душанбе, Тоҷикистон. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо идораи минтақавии хазинаи нуфузи Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНФПА) дар давлатҳои Аврупои шарқию Осиёи миёна ва намояндагии хазинаи нуфуз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги омӯзишии 10 рӯзаи минтақавиро дар мавзӯи истифодаи таҷҳизоти мобилӣ барои ҷамъоварии маълумот бо дастрасии маҷмӯи барномаҳои CSPro дар платформаи Android-ро баргузор менамояд. Чорабинӣ аз 17 то 27 июни соли 2019 дар Агентии омор гузаронида мешавад.

CSPro (Census Processing Sistem – системаи коркарди маълумотҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва таҳқиқотҳо) – ин маҷмӯи барномаҳои истифодаи умум, барои воридкунии маълумот, коркард, тайёр кардани ҷадвалҳои бароришӣ ва дастрас намудани маълумоти барӯйхатгириӣ ва таҳқиқотҳо  мебошад. Мақомоти омори миллӣ аз истифодаи таҷҳизоти мобилӣ барои ҷамъоварии маълумот натиҷаҳои мусбӣ ба даст оварда, дастовардҳои дигар давлатҳои пешрафтаро оид ба ҷамъоварии маълумотҳои барӯйхатгириҳо ва таҳқиқотҳо меомӯзанд.

Тренинг бо дастгирии молиявии Хазинаи нуфузи Созмони Миллали Муттаҳид ва кӯмаки техникии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

Тренинги мазкур дар доираи омодагии давлатҳои Аврупои шарқию Осиёи миёна ба марҳилаи навбатии барӯйхатгирии аҳолӣ  дар солҳои 2019-2022 ба нақша гирифта шудааст. Дар кори тренинг дар баробари 10 нафар кормандони мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин мутахассисони мақомоти омори Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Туркманистон ва Узбекистон даъват шудаанд.

Мутахассисони дар тренинг иштироккунанда дониши гирифтаи худро дар корҳои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии навбатӣ ва таҳқиқотҳои дар давлати худ гузаронидашаванда, бо истифодаи таҷҳизоти мобилӣ истифода менамоянд. Дар назар аст, ки пас аз анҷоми кори тренинг ба ҳар як иштирокчии он сертификат дар бораи гузаштан аз курси омӯзишӣ тақдим карда мешавад.




0 комментария к “Тренинги омӯзишии 10 рӯзаи минтақавӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...