Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Таъсис ёфтани “Маркази тамос”

Таъсис ёфтани “Маркази тамос”

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сифати маълумоти оморӣ ва қонеъ гардонидани талаботи ҳисобот супорандагон ва истифодабарандагони маълумоти оморӣ “Маркази тамос”-ро таъсис дод, ки маркази мазкур аз 1 августи соли ҷорӣ ба фаъолият шуруъ намуд.

Ҳадафи таъсиси маркази мазкур, қонеъ гардонидани талаботи пешниҳодкунандагони ҳисоботҳои оморӣ ва истифодабарандагони иттилооти оморӣ ва дигар муроҷиаткунандагон буда, барои саривақт гирифтани маълумот оид ба мушкиливу норасоиҳои ба миён омада ва саволҳои гузошташуда унвон мешавад.

Реҷаи кории марказ дар рӯзҳои душанбе то ҷумъа аз соати 8:00 то соати 17:00 ба роҳ монда шуда, дар давраи ҳисоботӣ рӯзҳои шанбе ва якшанбе низ фаъол мебошад.

Аз ин хотир, дар сурати пайдо гардидани саволу масъалаҳои ба миён омада ба рақамҳои марказ  -221-22-91, 221-22-37 тамос гирифта, эҳтиёҷоти худро қонеъ гардонед.




0 комментария к “Таъсис ёфтани “Маркази тамос”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...