Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ташрифи коршиноси байналмилалӣ оид ба татбиқи мониторинг ва ҳисобот оид ба ҲРУ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ташрифи коршиноси байналмилалӣ оид ба татбиқи мониторинг ва ҳисобот оид ба ҲРУ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо дастгирии техникӣ ва молиявии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳа оид ба “Тақвият додани иқтидори вазоратҳо ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ дар татбиқи мониторинги ҲРУ ва ҳалли масъалаҳо оид ба милликунонии рӯзномаи 2030”, рӯзҳои 28 октябр то 1 ноябри соли 2019 ташрифи коршиноси байналмилалӣ Заза Челидзе вобаста ба татбиқи мониторинг ва ҳисобот оид ба ҲРУ сурат гирифт.

Чорабинии мазкур дар доираи лоиҳаи минтақавии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ оид ба баланд бардоштани иқтидори вазоратҳо ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ дар татбиқи мониторинги ҲРУ ва ҳалли масъалаҳо оид ба милликунонии рӯзномаи давраи то соли 2030 барои рушди устувор гузаронида шуд.

Ҳамзамон, санаи 1 ноябри соли 2019 семинар дар мавзӯи “Нақши озуқа ва кишоварзӣ дар роҳи расидан ба Рӯзномаи то давраи соли 2030 ва аҳамияти маълумот барои таҳияи сиёсат” доир гардид, ки дар кори он роҳбарият ва сардорони раёсатҳои Агентӣ ва МД «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и Агентӣ, Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, иштирок намуданд.

Коршинос Заза Челидзе дар семинар бо рунамо доир ба нақши озуқа ва кишоварзӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои Рӯзномаи то давраи соли 2030 ва аҳамияти маълумот барои таҳияи сиёсат аз руи таҷрибаи байналмиллалӣ дар мисоли Ҷумҳурии Гурҷистон ва дигар давлатҳои аъзои Аврупои шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Миёна, имконпазирии роҳҳои паст кардани сарбории ҳисоботсупорандагон, соддакунии шаклҳои оморӣ ва ҷамъоварии маълумот, баромад намуд.

Коршинос таҳлили ҷанбаҳои гуногун ва шарҳу муҳокимаҳоро оид ба ҳолати воқеии ҳисоботҳои оморӣ, саъю кӯшишҳои минбаъда бобати баланд бардоштани огоҳмандӣ оид ба нақши калидӣ ва саҳми устувори озуқаворӣ ва соҳаи кишоварзӣ дар Рӯзномаи 2030 барои рушди устуворро тибқи таҷрибаи байналмилалӣ, манзур намуд.

Диққати бештар дар чорабинии мазкур ба зарурати механизмҳои самарабахши ҳамкориҳои байнисоҳавӣ, ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва идоракунӣ бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ қайд карда шуд. Тавре ки далелҳои ҷаҳонӣ нишон медиҳанд, ягон бахш наметавонад дар танҳоӣ мушкилоти камбизоатӣ, норасоии озуқаворӣ ва камғизоиро ҳал намояд.

Ҳамзамон қайд карда шуд, ки ҳоло кишварҳо дар ҷараёни татбиқи ҲРУ қарор доранд. Таъмини озуқа ва кишоварзии устувор барои мубориза бо сабабҳои камбизоатӣ ва гуруснагӣ ва идоракунии устувори захираҳои табиӣ хеле муҳим мебошад.

Дар охир қайд карда шуд, ки Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ роҳнамо барои таҳияи тамоми нишондиҳандаҳои марбут ба ҲРУ барои Тоҷикистон таҳия менамояд. Дар доираи ҳамин лоиҳа Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ ба Тоҷикистон дар таҳияи системаи мониторинги барномаҳои соҳавии миллӣ ва стратегияҳои марбут ба озуқаворӣ ва кишоварзӣ дар доираи ҲРУ кӯмак мерасонад.

Қайд кардан ба маврид аст, моҳи сентябри соли 2015-ум, 193 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид Ҳадафҳои Рушди Устувор ва Рӯзномаи то давраи соли 2030 барои рушди устуворро қабул намуданд.

Рӯзномаи мазкур 17 ҳадафи глобалӣ, 169 мақсад ва 244 нишондиҳандаро дар бар мегирад. Ҳадафҳои рушди устувор баҳри барҳам додани камбизоатӣ ва гуруснагӣ ҳамзамон бо барқарорсозӣ ва идоракунии устувори захираҳои табиӣ бо муттаҳид намудани се ҷанбаи рушди устувор: иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ равона карда шудааст.




0 комментария к “Ташрифи коршиноси байналмилалӣ оид ба татбиқи мониторинг ва ҳисобот оид ба ҲРУ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...