Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР АГЕНТИИ ОМОР

ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР АГЕНТИИ ОМОР

Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар фазои тантанавӣ бо иштироки муовини Директори Агентии омор Назарзода Зарина, кормандони Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентӣ таҷлил карда шуд.

Назарзода Зарина сараввал паёми табрикии Директори Агентии оморро ба аҳли нишаст ироа намуда, иброз дошт, ки 27 июни соли 1997 баъди музокироти тӯлонӣ ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар, таъмини сулҳу субот, сарҷамъии миллат ва зиндагии ороми сокинони мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид, ки ин санади муҳим дар таърихи навини халқамон аз ҷумлаи асноди сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон дар бораи роҳи душвори расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ ва хидматҳои ҷоннисоронаву ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати раҳо бахшидани кишвар аз хатари нобудшавӣ ибрози назар карда шуд.

Муовини Директор таъкид дошт, ки “дар ин рӯзи саид ҳар як фарди Тоҷикистон бори дигар амиқан дарк менамояд, ки ваҳдати миллӣ барои мардуми кишвари мо то чӣ андоза азизу муқаддас мебошад ва дар марҳалаи навини имрӯза мо бояд беш аз ҳарвақта бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон фаъолият намоем ва заҳмат кашем”.

Дар идомаи ҳамоиш чанд нафар кормандони Дастгоҳи марказии Агентӣ дар бораи аҳамияти ваҳдати миллӣ дар ҳаёти мардуми кишвар ибрози назар намуданду дар васфи Ваҳдати миллӣ шеърҳо қироат карданд.




0 комментария к “ТАҶЛИЛ АЗ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР АГЕНТИИ ОМОР

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон