Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БАХШИДА БА ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БАХШИДА БА ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳамкорони азиз!

Ҷашни Ваҳдати миллӣ миёни ҷашнҳои миллии мо мавқеи хосса дорад, зеро расидан ба сулҳу субот аз муҳимтарин дастовардҳои кишвари мо дар даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад.

Дар бораи то кадом дараҷа муҳим будани ин дастовард дар таърихи давлатдории миллии мо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд, ки Созишномаи сулҳ бо арзиши бузурги худ бо Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба ҷумҳурии мо ба таври расмӣ истиқлолият ва соҳибихтиёриро оварда бошад, пас ваҳдати миллӣ дар Ватани мо сулҳу салоҳро таъмин намуд. Агар дар Ватани мо бо шарофати ваҳдати миллӣ сулҳу субот пойдор намегардид, хатари аз даст додани Истиқлолияти давлатӣ ба мо таҳдид мекард.

Ин суханони меъмори сулҳу ваҳдати миллӣ то чӣ андоза бузург будани аҳамияти ваҳдати миллӣ барои кишвари моро ба таври комил ифода мекунанд.

Воқеан, маҳз дар натиҷаи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ давлати мо аз парокандагӣ ва миллати мо аз вартаи ҳалокат наҷот ёфту мардуми сарбаланди тоҷик ба зиндагии осоишта расид.

Вақте ваҳдати миллӣ мегӯем, нахуст ба зеҳни мо Иҷлосияи XVI-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасад, зеро маҳз ин иҷлосияи тақдирсоз муждаи наҷоти давлату миллати тоҷик буд. Дар он баъди муҳокимаву мулоҳизаи зиёд намояндагони мардумӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд. Сарвари ҷавони давлат дар нахустин суханронии худ изҳор доштанд, ки «Ман ба шумо, ба Тоҷикистон сулҳ меорам. То охирин гурезаи тоҷик ба Ватан барнагардад, ман худро ором ҳис карда наметавонам. Маҳаллаҳои дар натиҷаи ҷанг харобгардидаро бояд ҳамаи мо – тоҷикистониён дастҷамъона барқарор намоем».

Баъди ин изҳорот, ки як навъ қасами Сарвари ҷавон дар назди модар – Ватан буд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва, дониш ва ғайрати худро ба он равона карданд, ки дар ҷумҳурӣ пеш аз ҳама ба ҷанги бемаънии ҳамватанӣ хотима дода шавад. Ба тадриҷ тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба фаъолият оғоз карда, шохаҳои давлатдорӣ мустаҳкам гардиданд.

Пешвои миллат бо ҷаҳду талоши созандаву бунёдкори худ ва пуштибонии амиқи мардум аз ин сиёсати ваҳдатофарин тавонист, ки сулҳу ваҳдати комилро дар кишвар барқарор намуда, ҳамватанони дар ақсои олам парешони худро сарҷамъ созад ва бо ин бори дигар ба оламиён нишон диҳад, ки тоҷикон зотан миллати сулҳхоҳу сулҳпарвар ва сулҳпазир мебошанд.

Боиси ифтихор аст, ки солҳост ба таҷрибаи сулҳи тоҷикон тамоми муассисаҳои илмии ҷомеашиносии ҷаҳон ҳусни таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, онро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода, сиёсати сулҳдӯстиву сулҳофарии давлати моро ба сифати намунаи беҳтари дастёбӣ ба ваҳдату ҳамдилӣ ҷонибдорӣ менамоянд.

Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи рушд собитқадамона пеш меравад, ҳамасола ба дастовардҳои назаррас ноил мегардад ва обруву нуфузи хешро дар арсаи байналмилалӣ пайваста баланд мебардорад. Агар дақиқтар биандешем, ҳамаи дастовардҳои имрӯзаи мо дар тамоми бахшҳои давлатдориву рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар воқеан самараи Ваҳдати сартосариест, ки бо талош ва хиради азалии Пешвои миллат насиби мардуми шарифи тоҷик гардидааст. Зеро дар кишваре, ки суботу амният таъмин нест, ба ҳеҷ роҳе пешрафту тараққиёт имкон надорад.

Ҳамасола қадру қиммати ин дастоварди таърихӣ меафзояд ва бо гузашти замон мо бештар ба қадр ва моҳияти Ваҳдат мерасем.

Бовар дорам, ки ҷашни Ваҳдати имсол, ки барои мардуми тоҷик соли воқеан ҳам таърихӣ, яъне дар баробари эълон шудани соли Маърифати ҳуқуқӣ, ҳамзамон соли таҷлил аз 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, аҳамияти махсус дорад ва моро водор менамояд, ки ин дастоварди беназирро чун гавҳараки чашмон эҳтиёт ва ҳифз намоем. Зеро сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ барои мо ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳамияти ниҳоят бузург доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон мебошад.

27-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамкорони азиз!




0 комментария к “ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БАХШИДА БА ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...