Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

СУРЪАТИ АФЗОИШ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР САТҲИ 109,5 ФОИЗ ТАЪМИН ГАРДИД

СУРЪАТИ АФЗОИШ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР САТҲИ 109,5 ФОИЗ ТАЪМИН ГАРДИД

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои самарабахш ва истифодаи мақсадноки замин дар соли 2025 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба 84 миллиарду 653,8 миллион сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо дарназардошти нархҳои муқоисавӣ дар сатҳи 9,5 дарсад таъмин гардид.

Нишондиҳандаҳои иқтисодии соҳаи кишоварзии мамлакат нишон медиҳанд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ мунтазам меафзояд.

Дар соли 2025 суръати афзоиш дар соҳаҳои растанипарварию чорводорӣ мутаносибан 9,9 (56 млрд.588,0 млн.сомонӣ) ва 8,5 (28 млрд. 65,8 млн. сомонӣ) фоизро ташкил додааст.

Дар ин давра ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 12,5 фоизро ташкил дода, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ бошад, 34,7 фоизи ҳиссаи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ рост омадааст.

Инчунин дар ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ асосан ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ 52,8 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар хоҷагиҳои ВМКБ 65,5 фоиз, вилоятҳои Суғд 39,4 фоиз, Хатлон 59,5 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 55,3 фоизро ташкил медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки давоми соли 2025 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагӣ 1 миллиону 740 ҳазору 537 тонна ғалладонагиҳо (гандум 811325 тонна), 382 ҳазору 945 тонна пахта, 1 миллиону 332 ҳазору 533 тонна картошка, 3 миллиону 377 ҳазору 903 тонна сабзавот (пиёз 630995 тонна), 1 миллиону 254 ҳазору 422 тонна полизӣ, 954 ҳазору 350 тонна мевагиҳо (319210 тонна себ ва 365652тонна зардолу), ангур зиёда аз 346 ҳазор тонна ва хўроки чорво ба ҳисоби воҳиди хўрока зиёда аз 2 миллион тонна истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024, пахта 1,5 баробар, картошка 5,4 фоиз, сабзавот 2,4 фоиз, полизӣ 9,6 фоиз, мевагиҳо 16,0 фоиз (себ 14,9 фоиз ва зардолу 16,8 фоиз), ангур 19,4 баробар ва хўроки чорво 7,7 фоиз зиёд шуда, ғалладонагиҳо 4,8 фоиз (гандум 7,9 фоиз) кам гардидааст.




0 комментария к “СУРЪАТИ АФЗОИШ ДАР СОҲАИ КИШОВАРЗӢ ДАР САТҲИ 109,5 ФОИЗ ТАЪМИН ГАРДИД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон