Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Суханронӣ дар гузашти низомӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Суханронӣ дар гузашти низомӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Субҳи 7-уми сентябри соли 2021 дар майдони марказии шаҳраки Меҳрободи ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ва Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Қудратзода Тоҳир гузашти низомӣ бо иштироки 2000 нафар афсарон, сарбозон ва кормандони дигар мақомотҳои қудратии ҳудудии ноҳияи Ҷаббор Расулов бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа зимни суханронӣ, ба ифтихори ин санаи тақдирсози таърихӣ ҳамаи  афсарону сарбозони далери Ватан, тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шахсан аз номи худаш ба сифати намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд.

Дар табрикоти худ, Ҳасанзода Гулнора Кенҷа қайд намуданд, ки имрӯзҳо мардуми шарафманди тоҷик дар арафаи таҷлили ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сисолагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд ва боиси қаноатмандист, ки ҳоло сокинони Ватани азизамон ба хотири таъмин намудани рушди устувори иқтисодии кишвар ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ сарҷамъу аҳлона ва софдилона заҳмат кашида истодаанд.

Таърихи сисолаи даврони соҳибистиқлолии Ватанамон возеҳан собит намуд, ки мо – тоҷикон мардуми таърихан, табиатан ва воқеан бунёдкору созанда, соҳибмаърифату тамаддунсоз ва фарҳангдӯсту сулҳпарвар ҳастем, ки ба шарофати ҳамин хислатҳо аз гирдоби даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта раҳоӣ ёфтем.

Дар шароити ниҳоят ҳассоси минтақа ва ҷаҳони имрӯза таҳкиму тавсеаи чунин хислатҳои неки халқамон, бо ҳамин роҳ ҳифз кардани амнияти халқи тоҷик ва давлати тоҷикон, фазои ороми сиёсиву ҷамъиятӣ барои давлатдории мо аҳаммияти аввалиндараҷа ва сарнавиштсоз дорад.

Дар иртибот ба вазъи ноороми минтақа ба мардуми Тоҷикистон такроран таъкид менамоям, ки мо бояд барои ҳимояи сулҳу оромии ба қимати бисёр гарон бадастовардаамон, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияти давлату халқамон омода бошем.

Зеро ҳимояи амнияти давлат ва ҳифзи оромии ҷомеа барои мо вазифаи муқаддастарин, муҳимтарин ва афзалиятноктарин буда, мо ин корро бо кадом қимате, ки бошад, анҷом медиҳем!

Қувваҳои Мусаллаҳ, яъне тамоми ҷузъу томҳои ҳарбӣ, инчунин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар барои пешгирӣ кардан ва муқовимат ба таҳдидҳои воқеӣ ва эҳтимолӣ омодабошии ҷангии худро дар сатҳи баландтарин таъмин намоянд ва дар ин самт тадбирҳои иловагии фаврӣ ва қатъӣ андешанд.

Вазифаи аввалиндараҷаи мо дар вазъияти мураккаби баамаломада, пеш аз ҳама, таъмин кардани ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ ва сафарбар намудани тамоми имкониятҳо ба ин самт мебошад.

Мо бовари қатъӣ дорем, ки Қӯшунҳои сарҳадӣ, яъне марзбонони далеру шуҷои мо минбаъд низ аз уҳдаи иҷрои вазифаи муқаддаси худ, яъне ҳифзи боэътимоди марзҳои кишварамон бо сарбаландӣ мебароянд.

Ҳамчунин, хотирнишон , сохтанд, ки барои баланд бардоштани сатҳи касбият ва омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо боз ҳам кор кардан зарур аст.

Таъкид намуданд, ки дар вазъияти баамаломада вазифаи муҳимтарини шумо – хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ ин аст, ки ҳамеша ҳушёру зирак ва ба Ватан, давлат ва миллат содиқ бошед, интизоми оҳанин, рӯҳи матин, иродаи қавӣ ва азми қатъӣ дошта бошед.

Шумо ҳаргиз фаромӯш накунед, ки хизмати содиқонаву ватандӯстона ва ҷасорату далерии шумо аз ҷониби давлату Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ҳамеша ва ба таври шоиста қадрдонӣ карда мешавад.

Қувваҳои Мусаллаҳи мо, яъне фарзандони ҷасуру далери мардуми тоҷик дар тӯли сӣ соли соҳибистиқлолӣ на як бору ду бор вазифаҳои хизматӣ ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватан, давлат ва халқи тоҷик ҷавонмардонаву сарбаландона иҷро кардаанд.

Амнияти давлату ҷомеаро таъмин кардан, Модар – Ватанро баробари ҷони худ дӯст доштан, онро далеронаву ҷавонмардона ҳимоя кардан ва содиқ будан ба миллату давлати худ ва муқаддасоти миллӣ вазифаи ҷонӣ ва қарзи фарзандии ҳар як афсару сарбоз, тамоми хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад!

Танҳо чунин муносибат, яъне садоқати ҳар яки мо ба Ватан ва халқи Тоҷикистон моро аз ҳама таҳдиду хатарҳои замони муосир эмин нигоҳ медорад.

Аз ин лиҳоз, ба тамоми роҳбарони сохторҳои ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, афсарону сарбозони далеру шуҷоъ ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарасти мамлакат  муроҷиат намуданд, ки ба хотири ҳифзи истиқлоли Ватан, таъмини амнияти миллӣ ва марзу буми он ҳамеша ҳушёру зирак бошанд ва номи пуршарафи ҳомии Ватанро дар шароити бисёр мураккаби имрӯза боз ҳам баландтар бардоранд.

Ҳамчунин, аз номи Пешвои муаззами миллат ба ҳар яки шумо – афсарону сарбозони шуҷоъ таъкид месозам, ки ҳамеша дар паҳлуи ҳамдигар бошед ва дар ҳама ҳолатҳои душвор якдигарро дастгирӣ намоед.

Барои таъмин намудани амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ кумаки ҳамаҷониба расонидан ба сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва бо ин мақсад ба роҳ мондани ҳамкории зич бо онҳо вазифаи ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва ҳар як фарди огоҳу солимфикри кишвар мебошад.

Ҳар яки мову шумо ба хотири ҳалли вазифаҳои гузошташуда бояд тамоми имконияту нерӯ ва маҳорату малакаи худро барои дар рӯҳияи садоқат ба савганди ҳарбӣ, ҷасорату мардонагӣ, ҳимояи боэътимоди истиқлолу озодӣ ва марзу буми давлати соҳибихтиёрамон тарбия кардани афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сафарбар намоем.

Дар ин раванд, баланд бардоштани сатҳи касбият ва омодабошии ҷангии афсарону сарбозон масъалаи аввалиндараҷа мебошад.

Бовари қатъӣ ва эътимоди комил дорам, ки тамоми роҳбарон, хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат дар ин ҷаҳони пур аз тазоду рақобатҳои шадиди глобалӣ ба хотири таъмини амнияти давлат, суботи кишвар ва оромии ҷомеа ҳамеша бо иродаи қавӣ ва рӯҳи матин омода хоҳанд буд.

Мову шумо бояд ифтихор кунем, ки баъди ҳазор сол соҳиби Ватани озод ва давлати соҳибихтиёр гардидем.

Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон имрӯз узви ҳамаи ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ буда, овози баробар ба тамоми мамолики дунёро дорад.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз на танҳо Тоҷикистони азизи моро мешиносад, балки пешниҳоду ташаббусҳои онро доир ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани онҳо тадбирҳои мушаххас меандешад.

Мо бояд аз ин Ватани озод ва аз ин давлати соҳибихтиёр шукрона кунем ва неъмати бузурги соҳибватаниву соҳибдавлатиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

Бори дигар тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва ҳамаи шумо – афсарону сарбозони ғаюру шуҷои Ватанро ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – сисолагии истиқлоли давлатӣ самимона табрик мегӯям.

Ба ҳамаи шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ ва дар иҷрои қарзи муқаддаси фарзандӣ, рисолати ҷавонмардӣ ва вазифаҳои бисёр муҳимму масъулиятнокатон барору комёбӣ орзумандам.

Ҳамеша саломату пирӯз бошед, фарзандони бонангу номуси Ватан ва ҳомиёни далеру шуҷои Тоҷикистони соҳибистиқлол!




0 комментария к “Суханронӣ дар гузашти низомӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...