09.01.25
Имрӯз Суҳал АБДОЛОВА, сармутахассиси Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентӣ бинобар сабаби расидан ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ дар вазъияти тантанавӣ ба нафақа гусел гардид.
Директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода барои заҳмати софдилона ва фаъолияти пурсамар ба Суҳал Абдолова изҳори сипос намуда, ӯро бо Ифтихорномаи Агентӣ қадрдонӣ намуд.
Аҳли кормандони Агентии омор аз ҳамкорӣ бо Суҳал Абдолова бо самимият изҳори қаноатмандӣ намуда, ба ӯ саломатии комил, рӯзгори хушу осуда ва зеботарин лаҳзаҳои зиндагиро дар ҳузури наздикону пайвандон таманно доранд.
0 комментария к “СУҲАЛ АБДОЛОВА – САРМУТАХАССИСИ РАЁСАТИ ОМОРИ ДЕМОГРАФӢ, ШУҒЛИ АҲОЛӢ ВА ИҶТИМОӢ ДАР ВАЗЪИЯТИ ТАНТАНАВӢ БА НАФАҚА ГУСЕЛ ГАРДИД”