Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ОМИЛИ МУСТАҲКАМИИ ОИЛАҲО ДАР ТОҶИКИСТОН АСТ

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ОМИЛИ МУСТАҲКАМИИ ОИЛАҲО ДАР ТОҶИКИСТОН АСТ

Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистон саҳифаи нав боз менамояд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам баланд гардидани фарҳанги ҳуқуқӣ ва камолоти фарҳангии аҳолӣ, шуури ҳуқуқӣ ва тарбияи ҳуқуқии мардуми мамлакат имсолро Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намуданд, ки умедворем дар ин сол тамоми масъулин, ҳуқуқшиносон, воситаҳои ахбори омма барои сохтани ҷомеаи муттаҳиди маданӣ ва давлати ҳуқуқбунёди миллӣ кӯшишу талош намуда, дар ин масир қадамҳои устувор мегузоранд. Чунин иброз доштааст академик Маҳкам Маҳмудзода.

-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониву мулоқот ва суҳбатҳояшон иброз намуданд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аъзои ҷомеа, дар замири ҳар шаҳрванд парваридани ҳисси масъулият барои пешрафти мамлакат, эҳтироми амиқ ба арзишҳои фарҳангиву зеҳнии миллат, шинохт ва арҷгузориву риояи ҳуқуқи инсон шарти аслӣ ва ҳатмии давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.

Таъмини волоияти қонун ва риояи ҳатмии ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон омили асосии пойдории тартиботи ҷамъиятӣ, сулҳу субот ва оромию осоиши ҷомеа мебошад. Эълони Соли маърифати ҳуқуқӣ иқдоми муҳим ва арзишманд буда, метавонад дар такмил ва танзими қонунгузории мамлакат, баланд бардоштани донишу тафаккури ҳуқуқии шаҳрвандон, қонуният, баробарӣ ва адолат асоси воқеӣ гузорад.

Дар робита ба эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» ба тавсиб расида, мувофиқи ин фармон соли 2024 Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон карда шуд. Дар банди дуюми фармон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шуд, ки барои иҷрои ин фармон дар муҳлати як моҳ нақшаи чорабиниҳоро таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намояд.

Дар ин асос Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024 низ таҳия гардида, бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 тасдиқ карда шуд.

Барои инкишофу такмили қонунгузорӣ баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ таъсири мусбат мерасонад, зеро ҳар чи қадаре, ки маърифати ҳуқуқӣ, яъне донишҳои ҳуқуқӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳуқуқ ва қонун, риояи бечунучарои қонунҳо дар мамлакат рушд намояд, мо ба ҳадафҳои конститутсиониамон мерасем.

Масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи оилавӣ бо роҳи тарғиб ва ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ, таълиму тарбияи ҳуқуқӣ басе арзишманд буда, яке аз омилҳои мустаҳкамии оилаҳо маҳсуб мешавад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ба танзим даровардани муносибатҳои оилавӣ якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳо, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 «Дар бораи Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, мавриди амал қарор доранд.

Муқаррароти меъёрии моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо асоси ҷамъият эътироф намуда, пешбинӣ намудааст, ки давлат онро ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавар баробарҳуқуқ ҳастанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст.

Дар ин модда уҳдадории давлат дар мавриди таҳти ҳимояи ҳуд гирифтани оила ҳамчун асоси ҷамъият таъкид шудааст. Давлат дар ҳалли якчанд масъалаҳои иҷтимоиву ҳуқуқии марбут ба солимӣ ва пойдории оила худро уҳдадор мешуморад. Аз ҷумла, ғамхорӣ ба саломатии модар ва кӯдак, ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбияи кӯдакон, кафолати иҷтимоӣ ҳангоми пиронсолӣ ва корношоямӣ, дастрас будани таҳсил дар муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғ.

Бояд гуфт, ки тамоми уҳдадориҳое, ки давлат дар самти ҳимоя ва дастгирии оила ба зимма гирифтааст, бевосита аз муқаррароти моддаи 25-и Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар (аз 10 декабри соли 1948) бармеоянд. Дар Эъломияи ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар санадҳои дахлдори байналмилалӣ оила ҳамчун рукни табиӣ ва асосии ҷамъият эътироф шуда, таъкид гардидааст, ки модарон то давраи таваллуд ва баъди таваллуд бояд ба ғамхории махсус фаро гирифта шаванд.

Ҳимояи ҳуқуқи кӯдак, ки фарогири ҳуқуқҳои инсон то синни 18-солагӣ мебошад, дар Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқҳои кӯдак дарҷ гардидааст. Дар ин Конвенсия гуфта шудааст, ки давлатҳои аъзо тамоми ҳуқуқҳои дар ин Конвенсия пешбинишударо нисбат ба ҳар як кӯдаке, ки дар доираи ҳуқуқии онҳо қарор дорад, бе ягон табъиз (ҷудокунӣ, бартарӣ додан ва ё паст задан), сарфи назар аз нажод, ранги пӯст, ҷинс, забон, дин, ақидаи сиёсӣ, асли миллӣ, қавмӣ ё иҷтимоӣ, вазъи молӣ, саломатӣ ва таваллуди кӯдак, волидон ё парасторони қонунии ӯ ё ягон ҳолатҳои дигар эҳтиром ва таъмин мекунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимну вохӯрию суҳбатҳояшон оид ба бунёди оилаи солиму уствор, тарбияи фарзандони солеҳ, таълиму тарбияи наслҳои имрӯзу оянда дар руҳияи ватандӯстӣ, баҳри пойдорию устувории Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, оилаи солиму фарзандони солеҳро асоси давлату миллати устувори солим арзёбӣ менамоянд.

Дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик оила ҳамчун институт, мактаби бузурги тарбиядиҳанда ва ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ, сухан гуфтан ва қадам гузоштан ба ҳаёти мустақилона маҳз дар оила аз бар карда мешаванд.

Яке аз санадҳои асосие, ки муносибатҳои оилавиро дар ҷумҳурӣ ба танзим медарорад, ин Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки 13 ноябри соли 1998 қабул гардида, аз 8 фасл, 22 боб ва 178 модда иборат мебошад. Кодекси мазкур паҳлуҳои ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ, масъулият ва вазифаҳои аъзои оила, ақдномаи никоҳ, синни никоҳӣ, ҳуқуқи кӯдак дар оила, пардохти алимент, фарзандхонӣ, васоят ва парастор, ҷавобгарии тарафҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба муносибатҳои оилавиро ба танзим медарорад.

Пас аз соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мустаҳкам гардидани оилаҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, давлат баҳри беҳтар намудани шароити оилаҳо, ҳифзи манфиатҳои модару кӯдак ғамхорӣ менамояд ва барои омода кардани ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.

Донистани қонун ва риоя намудани он ба мустаҳкам гардидани оила ёрӣ мерасонад. Ҷавонон бояд донанд, ки танҳо никоҳи дар мақомоти ақди никоҳ бақайдгирифта қонунӣ буда, дигар шаклҳои бастани никоҳ оқибатҳои ҳуқуқиро ба вуҷуд намеоранд.

Никоҳи ғайрирасмӣ, яъне никоҳе, ки дар ташкилоти ақди никоҳ ба қайд гирифта нашудааст, ғайриқонунӣ буда, ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳарро ба танзим дароварда наметавонад ва дар ҳолати бекор шудани никоҳҳои ғайрирасмӣ аксаран занҳо дар ҳолати ногувор мемонанд.

Тибқи моддаи 1 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оила, ақди никоҳ, модар, падар ва кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти муҳофизати давлат қарор доранд». Давлат кафолат медиҳад, ки ҳар оила ва узви онро таҳти ҳимояи худ гирад.

Дар баъзе мавридҳо оилаҳо ва шаҳрвандон аз нокифоя будани дониши ҳуқуқӣ то ҳол моҳияти қонунро дуруст дарк накардаанд. Кам нестанд оилаҳое, ки бе сабти қонунии никоҳ оила барпо карда, зиндагӣ ба сар мебаранд. Аз нигоҳи ҳуқуқӣ ва тибқи қонунҳои ҷорӣ раъйи зану шавҳарро, ки ихтиёран оила барпо мекунанд, танҳо дар он ҳолат ба инобат мегиранд, ки онҳо аз ҷониби мақомоти давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба қайд гирифта шуда бошанд. Бинобар ин аз қайди мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ гузаштани ҷавонон аҳамияти махсус дорад. Танҳо шаҳодатномаи ақди никоҳ ҳуҷҷати асосӣ ва далели тасдиқкунандаи аз қайд гузаштани ақди никоҳ ба шумор рафта, ҳуқуқҳои зану мардро муқаррар менамояд.

Барои аз қайди никоҳ гузаштани навхонадорон мувофиқи моддаи 12-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шартҳои асосии ақди никоҳ пешбинӣ гардидаанд:

Розигии ҳамдигарии марду зани никоҳшаванда ва синни никоҳи доштани онҳо.
дар сурати мавҷуд набудани монеаҳои дар моддаи 14 Кодекси оила гуфташуда.
агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ бошад, шартҳои иловагии зерин талаб карда мешаванд:

— истиқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон на камтар аз як соли охир;

— бастани аҳдномаи никоҳ ба таври ҳатмӣ.

Шаҳрвандоне, ки хоҳиши бастани акди никоҳ доранд, ба макомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандии маҳалли зисти яке аз тарафҳо дар асоси аризаи муштарак муроҷиат менамоянд, ки аризаи муштараки онҳо асоси бақайдгирии давлатии акди никоҳи онҳо мебошад. Дар аризаи онҳо бояд ризоияти тарафҳо барои бастани ахди никоҳ, инчунин мавчуд набудани монеаҳои акди никоҳ, ки қонунгузории амалкунанда оид ба оила пешбинӣ намудааст, дарҷ шуда бошад. Илова ба ин маълумот аризаи муштараки никоҳшавандагон бояд ҳамчунин маълумоти зеринро дар бар гирифта бошад:

а) ному насаб, номи падар, рӯз, моҳ ва ҷойи таваллуд, синну сол, шаҳрвандӣ, миллат ва ҷойи истиқомати ҳар кадоме аз тарафҳо;

б) насабе, ки никоҳшавандагон барои худ ба сифати насаби умумӣ интихоб намудаанд;

в) маълумот оид ба ҳуҷчатҳое, ки шахсияти никоҳшавандагонро тасдиқ мекунанд.

Ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ илова ба аризаи муштарак дар бораи бастани акди никоҳ ҳамчунин ҳуҷҷатҳои зерин низ пешниҳод карда мешаванд:

а) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти никоҳшавандагон;

б) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бекор шудани ақди никоҳи аввала, агар издивоҷкунандагон пеш дар ақди никоҳи дигар бошанд;

в) нусхаи шаҳодатномаи вафот, агар зан ё шавҳар фавтида бошад;

г) ҳалномаи суд дар хусуси ризоият барои бастани ақди никоҳ, дар сурате ки агар никоҳшавандагон ноболиғ буда, ба синни никоҳи муқарраргардида нарасида бошанд;

д) агар яке аз тарафҳои никоҳшаванда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандӣ бошад, бояд ҳуҷҷати тасдиқкунандаи иқомат дар қаламрави Тоҷикистон на камтар аз соли охир ва аҳдномаи никоҳи басташуда ҳатман пешниҳод карда шавад.

Шахсоне, ки духтар ё писарро маҷбурӣ ба никоҳ розӣ мекунанд, мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Қонун ҳам масъулияти ҷавононро пеш аз оиладоршавӣ ба назар мегирад. Дар қонунгузорӣ муҳлати як моҳ пеш аз қайди никоҳ ариза додани издивоҷкунандагон пешбинӣ шудааст, то ки ҷавонон дар ин муддат дар бораи шахси интихобкардаашон ва ҳаёти оиладорӣ хубтар мулоҳиза намоянд.

Қайди бастани ақди никоҳ бо тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба ҷо оварда мешавад. Қонуни мазкур тартиби бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби тағйир додан, ислоҳ, барқарор ва бекор намудани сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиби ташкил намудани китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ, тартиб ва муҳлати нигоҳ доштани китобҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ (китобҳои аснод) ва вазъи ҳуқуқии мақомоте, ки асноди ҳолати шаҳрвандиро ба қайди давлатӣ мегиранд, танзим мекунад.

Бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқҳои молумулкӣ ва шахсии ғайримолумулкии шаҳрвандон ва ба манфиати давлат ва ҷамъият, аз ҷумла бо мақсади ҷамъ намудани маълумоти омории пурра, дуруст ва саривақтӣ оид ба ҳолати шаҳрвандӣ муқаррар карда мешавад.

Ҳамин тариқ, гуфта мешавад, ки ҳуқуқу уҳдадориҳои зану шавҳар баъд аз ақди никоҳ ба вуҷуд меоянд. Зану шавҳар дар оила баробарҳуқуқанд ва дар назди оилаю ҷамъият вазифа ва масъулияти муайян доранд.

Гуфтан зарур аст, ки дар баъзе ҳолатҳо ҳангоми қатъ гаштани ақди никоҳ дар масъалаи тақсими молу мулк байни зану шавҳар норозигӣ ба вуҷуд меояд. Ҳap яке мехоҳад молу мулки гаронбаҳотарро соҳиб шавад. Одатан мардҳо даъво мекунанд, ки танҳо ҳудашон кор кардаанд ва талаб мекунанд, ки ба онҳо ҳиссаи зиёдтар ҷудо карда шавад. Тибқи Кодекси оила, зану шавҳар бояд донанд, ки молу мулке, ки онҳо дар давраи ҳаёти якҷоя ҷамъ овардаанд, моликияти умумии онҳо ба ҳисоб меравад ва дар тақсимот онҳо ҳуқуқи баробар доранд. Молу мулки шахсӣ ҳамон молу мулке ҳисоб меёбад, ки то давраи хонадорӣ ба онҳо тааллуқ дошт. Ғaйp аз ин, амволи истифодаи шахсӣ, аз қабили либос, пойафзол, асбоби ороиши занона ва мардона (соат, гӯшвор) моликияти шахсии зану шавҳар ҳисоб меёбанд.

Ҳарчанд зан дар давраи оиладорӣ дар ягон ҷо кор накарда бошад ҳам, вай дар кори хоҷагии хона, тарбияи фарзандон саҳм гузоштааст ва аз ин рӯ вай ба моликияти оила, ки дар давраи зиндагии якҷоя ҷамъ кардаанд, баробари мард ҳақ дорад.

Даромаде, ки зану шавҳар дар давраи зиндагӣ аз натиҷаи фаъолияти меҳнатӣ, соҳибкорӣ ва зеҳнӣ ба даст овардаанд, нафақа, ёрдампулӣ, коғазҳои қиматнок, амволи харидашуда, новобаста ба он ки ба номи кӣ навишта шудааст, амволи муштарак эътироф карда мешавад. Аз ин лиҳоз молу мулки муштарак дар зиндагӣ аз ҷониби зану шавҳар баробар истифода бурда мешавад.

Қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ дар баробари бастани ақди никоҳи шаҳрвандон, аҳдномаи никоҳро ҳам байни зану шавҳар пешбинӣ намудаанд, ки он ихтиёрӣ буда, аз ҷониби намояндагони нотариалии давлатӣ пеш аз никоҳ ё дар ҷараёни зиндагӣ тавассути шартномаи дутарафа тасдиқ мешавад.

Инчунин дар асоси моддаи 32 ва 33-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон зану шавҳар дар оила баробарҳуқуқ буда, ҳар кадомашон дар интихоби шуғл, касб, намуди фаъолият, иқоматгоҳ ва маҳалли будубош озод ҳастанд.

Ҳамзамон зану шавҳар вазифадоранд, ки муносибатҳояшонро дар оила дар асоси эҳтирому кумаки якдигар ба роҳ монанд, барои таҳкими оила мусоидат намоянд, ба некуаҳволӣ ва рушду камоли фарзандонашон ғамхорӣ кунанд. Онҳо ҳангоми ақди никоҳ дар интихоби насаб баробарҳуқуқ мебошанд.

Танзими муносибатҳои оилавӣ дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ будани ақди никоҳи марду зан, баробарии ҳуқуқи зану шавҳар дар оила, ҳалли масъалаҳои дохилиоилавӣ дар асоси мувофиқаи тарафҳо, афзалияти тарбияи кўдакон дар оила, ғамхорӣ нисбат ба некўаҳволӣ ва рушди камоли онҳо, таъмини бештари ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои ноболиғ ва ғайри қобили меҳнати оила амалӣ мешавад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила» мақсад, мафҳум ва аломатҳои зӯроварӣ дар оила ва вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо ба танзим даровардааст.

Тибқи талаботи ин қонун зӯроварӣ дар оила — кирдори зиддиҳуқуқии бадқасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, руҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатии ў мегардад ё таҳдиди расонидани чунин зарарро ба вуҷуд меорад.

Дар асоси муқаррароти Қонуни номбурда пешгирии зӯроварӣ дар оила — маҷмуи чораҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ташкилии аз ҷониби субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила амалишаванда мебошад, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд дар доираи муносибатҳои оилавӣ, ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, муайян ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба он мусоидаткунанда равона карда шудаанд.

Зӯроварии ҷисмонӣ дар оила — кирдори зиддиҳуқуқии бадқасдонаи як узви оила нисбат ба дигар узви оила аст, ки дар натиҷаи истифода бурдани қувваи ҷисмонӣ боиси расонидани дарди ҷисмонӣ ё зарар ба саломатӣ шудааст.

Зӯроварии руҳӣ дар оила — таъсиррасонии бадқасдонаи руҳӣ, паст задани шаъну эътибори як узви оила аз ҷониби дигар узви оила бо роҳи таҳдид, таҳқир, иръоб ва ё маҷбуркунӣ ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ё кирдорҳое, ки барои ҳаёт ва саломатӣ хавфноканд, буда, инчунин ба вайроншавии инкишофи руҳӣ, ҷисмонӣ ё шахсият оварда мерасонад.

Зӯроварии шаҳвонӣ дар оила — кирдори зиддиҳуқуқии бадқасдонаи як узви оила, ки ба озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии дигар узви оила таҷовуз мекунад, инчунин ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ мебошад, ки нисбат ба узви ноболиғи оила содир шудаанд.

Инчунин Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023 бо мақсади пойдорӣ ва ҳифзи манфиатҳои оила, баробарҳуқуқии мардону занонро дар ҳалли масъалаи оилавӣ, сарфи назар аз миллату нажод, ҷинс, забон ва эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, муҳофизат ва ҳавасманд кардани модарӣ, ғамхорӣ нисбат ба тарбияи фарзандон, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, манъи бисёрникоҳӣ, ихтиёрӣ будани ақди никоҳ ва бекор намудани он, масъулияти мутақобила дар масъалаҳои амволӣ ва маънавӣ ва ғамхории ҳамдигарии аъзои оиларо таъмин менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва иқдом намудан дар роҳи барпо намудани давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд кӯшишҳои худро барои пешбарии рушди баробар ва одилонаи ҷинсҳо тавассути мустаҳкам кардани заминаи қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати пайгирона, аз ҷумла дар самти сиёсати гендерӣ мунтазам тақвият мебахшад.

Имрӯзҳо дар самти баробарҳуқуқии мардону занон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба якчанд муваффақият ноил шуда, занону духтарони тоҷик дар тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат баробари мардон фаъолият менамоянд.

Аммо ба тадбирҳои андешида нигоҳ накарда, ҳанӯз ҳам дар ҳаёти ҳаррӯзаи оилаҳо мушкилиҳое ҷой доранд, ки ҳалли худро тақозо менамоянд.

Масалан, аз таҳлилҳои оморию таҷрибаи зиндагӣ бармеояд, ки солҳои охир нисбатан зиёд шудани бекор гардидани ақди никоҳ, пош хӯрдани оила, бахусус оилаҳои ҷавон ба назар мерасад, ки дар натиҷа кўдакон аз таъминот, тарбия, таълим, меҳру муҳаббат ва навозиши падар ё модар дур монда, ин ба ҳолати руҳию ҷисмонӣ ва солимии онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Дар ин радиф Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 2 августи соли 2011 ба тасвиб расида, барои боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд заминаҳои воқеӣ фароҳам овард. Волидайн вазифадор ҳастанд, ки ба рафтори фарзандонашон диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро дар амалишавии ин ҳадаф нақши оила бузург буда, муҳити солим ва созандаи оилавӣ метавонад дар тарбияи ворисони содиқи Ватан саҳми босазо дошта бошад.

Инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дастоварди даврони Истиқлолият мебошад, ки ба мардум имкон дод сатҳи рўзгорашонро баланд бардоранд. Мақсади қонун аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат мебошад. Қонун ҳамчунин барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.

Бо назардошти гуфтаҳои боло ҳар узви ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки бо мақсади пешгирии омили номатлуби зӯроварӣ дар оила, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, иттилоотонии аҳолӣ барои пешгирии пошхӯрии оилаҳо ва бунёди оилаи солиму устувор, дар руҳияи неки инсонӣ тарбия намудани фарзандон, дарк кардани оқибатҳои ҳуқуқии ақди никоҳ ва огоҳ гардидан аз ҳуқуқу уҳдадориҳо дар муносибатҳои оилавӣ, корҳои фаҳмондадиҳиро тавассути суҳбату вохӯриҳо ва дар воситаҳои ахбори омма пайваста ба роҳ монем. Зеро баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии оилавӣ омили муҳими мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.




0 комментария к “СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ОМИЛИ МУСТАҲКАМИИ ОИЛАҲО ДАР ТОҶИКИСТОН АСТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...