Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ШУМОРАИ ШАҲРВАНДОНИ БЕКОР ДАР ТОҶИКИСТОН БА ТАВРИ НАЗАРРАС КОҲИШ ЁФТААСТ

ШУМОРАИ ШАҲРВАНДОНИ БЕКОР ДАР ТОҶИКИСТОН БА ТАВРИ НАЗАРРАС КОҲИШ ЁФТААСТ

Шумораи шаҳрвандони бекор дар тоҷикистон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст,- иттилоъ медиҳанд аз Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентии омор.

Ба иттилои манбаъ, дар охири моҳи декабри соли 2023 шумораи бекорони расман бақайдгирифташуда, тибқи маълумоти агентиҳои меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 48,3 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи декабри соли 2022-юм 9,7 фоиз камтар аст.

  • Тиқи иттилои раёсати мазкур, 46,3 фоизи шумораи умумии шаҳрвандони бекори Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд. Сатҳи бекории расман ба қайд гирифташуда нисбат ба қувваи корӣ 1,8 фоиз ҳисоб карда шудааст.

Масъулин паст шудани сатҳи бекориро ба баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва ифтитоҳи иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ ва истеҳсолӣ, ки ҷойҳои нави корӣ эҷод мекунанд, вобаста медонанд.




0 комментария к “ШУМОРАИ ШАҲРВАНДОНИ БЕКОР ДАР ТОҶИКИСТОН БА ТАВРИ НАЗАРРАС КОҲИШ ЁФТААСТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...