Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ШУМОРАИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ БА ТОҶИКИСТОН АФЗОИШ ЁФТ

ШУМОРАИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ БА ТОҶИКИСТОН АФЗОИШ ЁФТ

Дар моҳҳои январ–марти соли 2026 Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди назарраси соҳаи сайёҳиро ба қайд гирифт. Тибқи маълумоти оморӣ, шумораи шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсадҳои гуногун — аз ҷумла сафарҳои хизматӣ, истироҳатӣ ва дигар ҳадафҳо ба кишвар ташриф овардаанд, ба 439,4 ҳазор нафар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 70,7 ҳазор нафар ё 19,2 фоиз зиёд гардидааст.

Чунин афзоиш натиҷаи татбиқи сиёсати давлатии рушди сайёҳӣ, беҳтар гардидани фазои мусоиди сармоягузорӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳон арзёбӣ мегардад.

Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷии воридшуда, 371,3 ҳазор нафар тибқи методологияи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ арзёбӣ гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20,9 фоиз зиёд мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки қисми зиёди меҳмонони хориҷӣ аз давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вориди кишвар шудаанд. Дар се моҳи аввали соли 2026 шумораи онҳо 406,6 ҳазор нафарро ташкил намуда, 92,5 фоизи шумораи умумии воридшудагонро дар бар мегирад. Аз ин шумора 344,2 ҳазор нафар ба ҳайси сайёҳ ба қайд гирифта шудаанд.

Миёни давлатҳои ИДМ ҳиссаи бештар ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон рост омада, аз ин кишвар 247,1 ҳазор нафар ё 56,2 фоизи шумораи умумии воридшудагон ба Тоҷикистон ташриф овардаанд. Федератсияи Россия бо 104,7 ҳазор нафар дар ҷойи дуюм қарор дошта, ҳиссаи он 23,8 фоизро ташкил медиҳад. Ҳамчунин аз Ҷумҳурии Қирғизистон 40 ҳазор нафар, Ҷумҳурии Қазоқистон 10,7 ҳазор нафар ва Туркманистон 1,9 ҳазор нафар вориди Тоҷикистон гардидаанд.

Дар баробари ин, шумораи шаҳрвандони кишварҳои хориҷи дур низ тамоюли афзоишро нигоҳ доштааст. Дар моҳҳои январ–марти соли 2026 аз давлатҳои хориҷи дур 32,8 ҳазор нафар ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки аз ин шумора 27,1 ҳазор нафар ҳамчун сайёҳ арзёбӣ мегарданд.

Миқдори зиёди сайёҳон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қайд гирифта шуда, шумораи онҳо 11,7 ҳазор нафарро ташкил додааст. Ҳамчунин аз Афғонистон 5,1 ҳазор нафар, Ҷумҳурии Исломии Эрон 2,4 ҳазор нафар, ИМА 2,1 ҳазор нафар ва Туркия 1,6 ҳазор нафар ба Тоҷикистон ворид шудаанд.

Дар баробари рушди гардиши сайёҳӣ, инфрасохтори хизматрасонӣ низ тавсеа ёфта истодааст. Дар моҳҳои январ–марти соли 2026 дар ҷумҳурӣ 191 ширкати сайёҳии ба қайдгирифта фаъолият намудааст. Ҳамчунин дар ин давра 216 меҳмонхона, аз ҷумла 8 меҳмонхонаи панҷситорадор, 28 меҳмонхонаи чорситорадор ва 18 меҳмонхонаи сеситорадор ба меҳмонон хизмат расонидаанд.

Илова бар ин, дар мамлакат 53 хостел ва мотел, 57 осоишгоҳ, 4 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 6 маркази муолиҷавию солимгардонӣ, 8 хонаи истироҳатӣ ва 5 базаи сайёҳию истироҳатӣ фаъолият намудаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, шумораи миёнаи кормандони субъектҳои хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ 3821 нафарро ташкил дода, даромад аз пешниҳоди хизматрасонӣ дар ин давра ба 72 миллиону 737,2 ҳазор сомонӣ баробар гардидааст.

Рушди соҳаи сайёҳӣ метавонад дар афзоиши ҷойҳои нави корӣ, беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ, рушди соҳибкории хурду миёна ва муаррифии бештари Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ нақши муҳим бозад.




0 комментария к “ШУМОРАИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ БА ТОҶИКИСТОН АФЗОИШ ЁФТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон