Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ОМОРИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ОМОРИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

Аз 19 то 23 марти соли ҷорӣ, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Гурӯҳи кории ҳукуматӣ Нурмаҳмадзода Ҷамшед бо мақсади боздид аз рафти иҷрои корҳои ободкорию созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ, иштирок дар тантанаҳои ҷашни бостонии Наврӯз ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд қарор дошт.

Мавриди зикр аст, ки дар рафти ин сафар Директори Агентии омор бо шароити корӣ ва фаъолияти кормандони мақомоти омори шаҳри Истаравшан шинос гардид.

Нурмаҳмадзода Ҷамшед дар вохӯрӣ бо онҳо оид ба таъмини шаффофияти маълумотҳо, муқоисапазирии маълумотҳои аз тарафи мақомоти омор ҷамъоваришуда бо маълумоти дигар сохторҳо, гузаронидани таҳқиқоти саҳеҳ дар бозорҳо, мағозаву ошхонаҳо ва васеъ намудани фарогирӣ ба таҳқиқот, баҳисобгирии дурусти заминҳои кишт, махсусан кишти баҳорӣ, тозаву озода нигоҳ доштани саҳни бино ва утоқҳои корӣ ва риояи интизоми меҳнат дастуру супоришҳои қатъӣ дод.




0 комментария к “ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ОМОРИ ШАҲРИ ИСТАРАВШАН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...