Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Семинари омӯзишии онлайнӣ

Семинари омӯзишии онлайнӣ

Аз 26-ум то 30-юми октябр дар меҳмонхонаи “Хилтон”-и шаҳри Душанбе бо дастгирии техникиву молиявии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид тренинги омӯзишии онлайнӣ оид ба нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор  (2.1.1  – Паҳншавии камғизоӣ  ва 2.1.2 – Сатҳи миёна ва шадиди набудани амнияти озуқаворӣ)  бо иштироки коршиноси байланмилалӣ аз Дастгоҳи марказии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ Фирас Яссин баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи семинар Қиёмиддин Давлатзода, муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни суханронии хеш таъкид намуд, ки  такмили таҳияи методологияи тавозуни озуқаворӣ дар шароити кишвари мо зарурӣ ва муҳим аст.

Ин семинар бо ҳадафи баланд бардоштани малака ва  дониши кормандони Агентӣ ҷиҳати таҳияи методология ва тавсияҳои Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ вобаста ба баҳодиҳӣ ва мониторинги нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор (2.1.1  – Паҳншавии камғизоӣ  ва 2.1.2 – Сатҳи миёна ва шадиди набудани амнияти озуқаворӣ) баргузор гардид. 

Дар кори он ҳамчунин намояндагони “Пажӯҳишгоҳи ғизо”-и Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Маркази ҷумҳуриявии ғизо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иштирок намуданд.




0 комментария к “Семинари омӯзишии онлайнӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...