Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Семинари омӯзишӣ дар мавзўи «Таҳқиқоти буҷети хонаводаҳои Тоҷикистон дар Агентии омори назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ дар мавзўи «Таҳқиқоти буҷети хонаводаҳои Тоҷикистон дар Агентии омори назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон

Рўзҳои 23-28 майи 2022 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари омўзишӣ дар мавзўи Таҳқиқоти буҷети хонаводаҳои Тоҷикистон (мушкилот ва роҳҳои ҳал)» бо дастгирии молиявии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ баргузор мегардад.

Ифтитоҳи семинари омўзишии мазкур имрўз – санаи 23 майи соли 2023 бо сухани Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа оғоз гардид. Директори Агентии омор сараввал миннатдории худро ба намояндагони ТУТ оид ба дастгирии пайвастаи онҳо барои мукаммалгардонии иқтидори омории мақомоти омор, баён намуд. Қайд гардид, ки солҳои охир аз ҷониби ТУТ дар самти такмили омори соҳаи тандурустӣ, махсусан нишондиҳандаҳои тандурустӣ, маъюбӣ ва нишондиҳандаҳои вобаста ба ҲРУ таваҷҷўҳ ва дастагириҳои зиёд амалӣ гардида истодаанд.

Сипас, сухан аз ҷониби доктор Виктор Олшавский намояндаи доимии ТУТ дар Тоҷикистон оид ба муҳиммияти ТБХ дар давлатҳо ва нишондиҳандаҳои омории аз рўи таҳқиқоти мазкур бадастомада, бо мақсади пешгўии равандҳои оянда, идома ёфт. Қайд гардид, ки нишондиҳандаҳои омории соҳаи тандурустӣ хело муҳим буда, аз рўи маълумотҳои омории соҳаи тандурустӣ сифати соҳаи тандурустӣ, саломатии аҳолии кишвар ва дигар мушкилотҳо арзёбӣ мегарданд. Аз ин рў гузаронидани чунин таҳқиқотҳо барои давлатҳо хело муҳим ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, Илкар Дастан – Мушовир оид ба сиёсати тандурустии намояндагии ТУТ дар Тоҷикистон низ оид ба зарурият ва муҳимияти нишондиҳандаҳои оморӣ ҷиҳати таҳия ва амалишавии ҳуҷҷатҳои сиёсии давлатӣ, ки бояд дар асоси маълумотҳои дақиқи оморӣ таҳия карда шаванд, фикрронӣ намуд. Сабаби мустаҳкам намудани низоми тандурустии Тоҷикистон: ин беҳтар намудан сатҳи зиндагӣ ва саломатии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ ва назорати низоми тандурустии Тоҷикистон, расидан ба ҲРУ ва амалисозии нақшаҳои сиёсии кишвар, мебошад.

Маврид ба зикр аст, ки таҳқиқоти буҷети хонаводаҳо (ТБХ) яке аз муҳимтарин таҳқиқотест, ки аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо максади гирифтани иттилоот дар бораи хусусият ва мақсади хароҷоти истеъмолй, инчунин маълумот дар бораи хусусиятҳои гуногуне, ки ба шароити зисту зиндагонии хоҷагиҳо дахл доранд, гузаронида мешавад. Барои муқаррар намудани эътимод дар даромад, хароҷот, камбизоатӣ ва ченакҳои нобаробарӣ дар ТБХ Тоҷикистон, мутахассисони омор бояд мунтазам сифати равандҳои худ, инчунин дурустии маълумоти худро баҳо диҳанд ва пайваста такмил диҳанд. Ин бояд яке аз шартҳои пешгирй кардани сиёсати хато бошад. хусусан вакте ки ин гуна сиёсат ба маълумотхои таҳқиқоти буҷети хоҷагӣ асос меёбад.

Ҳадафи асосии ин семинари 6-рўзаи мазкур ин кӯмак расонидан ба мутахассисиони омор оид ба таҳқиқот дар Тоҷикистон дар таҳияи самаранок ва боэътимоди ТБХ мебошад. Ҳамзамон ба истифодабарандагони маълумотҳои оморӣ, ба монанди Таҳқиқоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) имкон медиҳад, ки маълумоте, ки дар натиҷаи таҳқиқот ба даст оварда шудааст, бештар истифода баранд. Дар семинари омўзишии мазкур масъалаҳои зерин баррасӣ хоҳад гардид:

  • Баррасии якчанд ҷанбаҳои муҳими гузаронидани ТБХ;
  • Пешниҳоди рӯйхати муфассали стандартҳоро барои ТБХ;
  • Баррасии мушкилотҳо дар чен кардани маълумотҳо дар самти истеъмолот, даромад ва бойгарии хонаводаҳо;
  • Баррасии баъзе саволҳо оид ба тадқиқот ва тарҳрезии намуна барои ТБХ Тоҷикистон;
  • Баррасии модули беҳтарсозии саломатӣ дар ТБХ;
  • Пешниҳоди саволномаи ТБХ дар тахрири нав.

Семинари мазкур рўзҳои 23-24 май барои намояндагони вазорату идораҳо ва рўзҳои 25-28 май барои кормандони маҳаллии омор, ки махсусан бо ҷамъоварии маълумотҳои аввалияи ТБХ машғул мебошанд, гузаронида мешавад.

Давоми 6 рўзи семинари омўзишӣ аз ҷониби хонум Асия Аббасӣ оид ба такмили методологияии ворид намудани стандартҳои байналмилалӣ, таҷрибаи кишварҳои пешрафта, тартиби ҳисоби индикаторҳои ҲРУ, махсусан вобаста ба нишондиҳандаҳои ба мақсади 3.8 вобастабудаи ҲРУ барои иштирокдорон маърўзаҳо ироа мегардад.




0 комментария к “Семинари омӯзишӣ дар мавзўи «Таҳқиқоти буҷети хонаводаҳои Тоҷикистон дар Агентии омори назди Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...