29.07.26
То 1 июли соли 2026 дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди нишондиҳандаҳои асосии соҳаи чорводорӣ таъмин гардидааст. Дар ин давра саршумори чорвои калони шохдор ба 3 миллиону 97 ҳазору 900 сар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 246 ҳазору 300 сар ё 8,6 фоиз зиёд шудааст.
Ҳамзамон, саршумори гӯсфанду буз 8 миллиону 352 ҳазору 600 сарро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 875 ҳазору 700 сар ё 11,7 фоиз афзоиш ёфтааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар сохтори умумии саршумори чорво саҳми хоҷагиҳои аҳолӣ назаррас боқӣ мемонад. Аз шумораи умумии чорвои калони шохдор 94,3 фоиз ва аз саршумори умумии гӯсфанду буз 82,0 фоиз ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост меояд.
Афзоиши саршумори чорво дар ҳамаи минтақаҳои асосии кишвар ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар хоҷагиҳои вилояти Суғд саршумори чорвои калони шохдор нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,8 фоиз, вилояти Хатлон 8,7 фоиз, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6,8 фоиз ва ВМКБ 4,9 фоиз зиёд шудааст.
0 комментария к “Саршумори чорво дар кишвар беш аз 11 фоиз афзоиш ёфт”