Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОР ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИРО ТАҶЛИЛ НАМУД

САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОР ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИРО ТАҶЛИЛ НАМУД

9 сентябр дар Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Ҷашни 34 солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, роҳбарият ва ҳайати кормандони Сарраёсат ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади бошукӯҳи идона бо садо додани Суруди миллии Тоҷикистон оғоз шуд.
Директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода зимни суханронии табрикии худ истиқлоли давлатиро бузургтарин ва муқаддастарин неъмат, ифтихор ва номуси ватандорӣ, асоси хушбахтиву сарбаландии сокинони Тоҷикистон маънидод карда, тамоми кормандони мақомоти омори вилоятро ба муносибати ҷашни Истиқлол табрику таҳният гуфт.
Таъкид гардид, ки ин рӯзи босаодат, яъне ҷашни истиқлолу озодӣ ва бузургтарин дастоварди ин давра – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон ба осонӣ муяссар нашудааст. Ноил шудан ба ҳамаи ин дастовардҳо бо шарофати ҷаҳду талошҳо ва заҳмату меҳнати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст.
Сипас, сардори Сарраёсати омори вилоят Ҳокимбек Накҳатзода ҳозиринро ба ифтихори солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо паёми табрикии худ таҳният гуфт.

Дар идомаи ҷамъомад Директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода барои ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ ва бахшида ба ҷашни 34 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор кормандони мақомоти омори вилоятро бо мукофотҳои соҳавӣ ва Ифтихорнома сарфароз гардонид.




0 комментария к “САРРАЁСАТИ АГЕНТИИ ОМОР ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИРО ТАҶЛИЛ НАМУД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон