18.10.26
17 октябр Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо сафари корӣ ба ноҳияи Ҷайҳун ташриф оварда, бо вазъи фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзӣ, раванди парвариши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳосилғундорӣ аз наздик шинос гардид.
Зимни сафари корӣ раиси ноҳияи Ҷайҳун Ализод Азизулло Муҳибулло Директори Агентии оморро ҳамроҳӣ намуда, ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти кишоварзон ва дастовардҳои соҳаи кишоварзии ноҳия ба як қатор хоҷагиҳои деҳқонӣ ва майдонҳои кишти зироатҳои гуногун ташриф оварданд.
Нахуст, меҳмонон аз хоҷагии деҳқонии «Саидо»-и Ҷамоати деҳоти Истиқлол, ки ба парвариши ниҳолҳои анор машғул аст, дидан намуданд. Зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагӣ бо деҳқони соҳибтаҷриба Бутаев Каримҷон оид ба раванди парвариш, ҳосилнокӣ ва дурнамои рушди соҳаи анорпарварӣ суҳбати судманд анҷом дода шуд.

Директори Агентии омор таъкид намуд, ки анор яке аз меваҳои серталаботи бозор буда, барои содирот низ имкониятҳои мусоид дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки бо истифода аз таҷрибаи пешқадам, риояи қоидаҳои агротехникӣ ва истифодаи самараноки замин майдони парвариши ин зироат тадриҷан васеъ карда шавад.
Дар идомаи сафар аз майдонҳои кишти пиёзи барвақтӣ дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ ва майдонҳои парваришу ҳосилғундории сабзӣ дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ боздид ба амал оварда шуд. Зимни шиносоӣ ба масъалаҳои ҳолати нашъунамои зироатҳо, истифодаи оқилонаи замин ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Ба кишоварзон ҷиҳати истифодаи самараноки шароити мусоиди боду ҳаво, сари вақт гузаронидани корҳои агротехникӣ, таъмини ғизои зарурии растаниҳо ва нигоҳубини дурусти зироатҳо тавсияҳои муфид дода шуданд. Ҳамзамон, зарурати афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бештари содиротии пиёзу сабзӣ таъкид гардид.
Хоҷагидорон изҳор доштанд, ки бо истифода аз шароити мусоиди мавҷуда ва ба роҳ мондани нигоҳубини дурусти зироатҳо барои ба даст овардани ҳосили фаровон саъю талош намуда, нақша доранд, ки аз ҳар гектар то 600 сентнер ҳосил ба даст оранд.

Дар идомаи боздид Директори Агентии омор аз гармхонаҳои лимупарварии Ҷамоати деҳоти Панҷ дидан намуда, бо фаъолияти лимупарварони маҳаллӣ ва натиҷаҳои меҳнати онҳо шинос шуд. Аз ҷумла, бо таҷрибаи лимупарвари соҳибтаҷрибаи ноҳия Тоиров Абдураҳим шиносоӣ сурат гирифт, ки дар назди ҳавлии худ шаш гармхона ва дар хоҷагии деҳқониаш панҷ гармхона ташкил намуда, ба парвариши лимӯ, мандарин, афлесун, лайм ва грейпфрут машғул мебошад.
Мавсуф зимни суҳбат иброз дошт, ки бо истифода аз имкониятҳои гармхонаҳо аз ҳар гектар майдони гармхонаҳои лимупарварӣ аз 500 то 550 сентнер ҳосил ба даст оварда мешавад. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба бозорҳои дохилӣ пешниҳод гардида, қисми он ба хориҷи кишвар содирот карда мешавад.
Ин таҷриба нишон медиҳад, ки рушди соҳаи гармхонапарварӣ, истифодаи самараноки замин ва ҷорӣ намудани усулҳои дурусти парвариш метавонанд дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза, афзоиши ҳаҷми истеҳсолот ва густариши имкониятҳои содиротӣ нақши муҳим гузоранд.
Дар ҷамъбасти сафари корӣ Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба заҳмати софдилона ва меҳнати пурмасъулияти кишоварзони ноҳияи Ҷайҳун баҳои баланд дода, барои саҳми арзандаашон дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ изҳори сипос намуд.
0 комментария к “САФАРИ КОРИИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОР БА НОҲИЯИ ҶАЙҲУН”