Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

САФАРИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

САФАРИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Аз 6 то 10 сентябри соли ҷорӣ, Роҳбари Гурӯҳи кории ҳукуматӣ, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода, бо мақсади таъмини иҷрои барқияи ҳукуматӣ ва дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди таҷлили бошукуҳи ҷашни 34 солагии Истиқлоли давлатӣ, боздид аз рафти иҷрои корҳои ободкорию созандагӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ, дар арафаи ин ҷашни муқаддас кӯмак намудан ба оилаҳои ниёзманду камбизоат, андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, боздид намудан аз вазъи истифодаи оқилонаи замин, кишти такрорӣ, сари вақт ҷамъоварӣ кардани ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан пахта, иштирок дар тантанаҳои ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва суҳбату мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд қарор дорад.

Мавриди зикр аст, ки Роҳбари Гурӯҳи корӣ нахуст барномаи сафарро аз расонидани кӯмак ба ниёзмандон, ятимону маъюбон, шахсони барҷомонда ва аёдати собиқадорони меҳнат оғоз намуда, аз шароити зиндагӣ ва ҳолу аҳволи онҳо аз наздик дидан намуд.




0 комментария к “САФАРИ КОРӢ БА НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон