Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

САФАРАЛИЗОДА ДАВРОН: СУРЪАТИ АФЗОИШ ДАР СОҲАИ САНОАТ ДАР САТҲИ 13,3 ФОИЗ ТАЪМИН ГАРДИД

САФАРАЛИЗОДА ДАВРОН: СУРЪАТИ АФЗОИШ ДАР СОҲАИ САНОАТ ДАР САТҲИ 13,3 ФОИЗ ТАЪМИН ГАРДИД

Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 1 миллиарду 135,6 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати рушд 113,3 фоизро бо нархҳои муқоисавӣ ташкил додааст.

  • Дар ин бора Сафарализода Даврон зимни ҷаласаи ҷамъбастии Сарраёсат, ки бо иштироки муовини якуми Директори Агентии омор Асо Нурулло Асват баргузор гардид, зикр намуд.

Сафарализода Даврон дар ҷаласа гузориш дод, ки Сарраёсат семоҳаи якуми соли ҷориро тибқи Барномаи корҳои оморӣ ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Агентии омор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иҷрои 182 кори оморӣ ҷамъбаст намуд, ки сад фоизи нақша мебошад.

Иттилоъ дода шуд, дар моҳҳои январ – марти соли 2024 бо ҳама намуди нақлиёт 4 миллиону 130,4 ҳазор тонна бор кашонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18,6 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра ҳаҷми гардиши савдо 3 миллиарду 980,6 миллион сомониро ташкил дод, ки ин нишондод нисбати семоҳаи якуми соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 12,4 фоиз ё ба маблағи 659,9 миллион сомонӣ зиёд шудааст.

Таносуби молҳои озуқаворӣ дар ҳаҷми умумии гардиши савдои чакана 50,1 фоиз ва молҳои ғайриозуқа 49,9 фоизро ташкил додаст.

Гардиши хӯроки умумӣ якҷоя бо хизматрасонии меҳмонхонањо ва тарабхонаҳо дар давраи сипаришуда 272,8 миллион сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 11,2 фоиз зиёд аст.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ бошад, дар семоҳаи якум ба 3 миллиарду 459,8 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо нархҳои муқоисавӣ 24,8 фоиз зиёд мебошад.




0 комментария к “САФАРАЛИЗОДА ДАВРОН: СУРЪАТИ АФЗОИШ ДАР СОҲАИ САНОАТ ДАР САТҲИ 13,3 ФОИЗ ТАЪМИН ГАРДИД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...