Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

РУШДИ УСТУВОРИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ: АФЗОИШИ ИСТЕҲСОЛОТ ВА ТАҲКИМИ ЗАХИРАҲОИ ЧОРВОДОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

РУШДИ УСТУВОРИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ: АФЗОИШИ ИСТЕҲСОЛОТ ВА ТАҲКИМИ ЗАХИРАҲОИ ЧОРВОДОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

РУШДИ УСТУВОРИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ: АФЗОИШИ ИСТЕҲСОЛОТ ВА ТАҲКИМИ ЗАХИРАҲОИ ЧОРВОДОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар моҳҳои январ–апрели соли 2026 соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди мусбатро идома дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ ба 7 миллиарду 561,4 миллион сомонӣ расонида шуд. Тибқи маълумоти оморӣ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 бо нархҳои муқоисавӣ 7,1 фоиз зиёд мебошад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рушди соҳаи кишоварзӣ пеш аз ҳама ба истифодаи самараноку оқилонаи замин, баланд гардидани маданияти агротехникӣ, васеъ гардидани корҳои саҳроӣ, дастгирии давлатии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва татбиқи тадбирҳои ислоҳотӣ дар соҳа вобастагӣ дорад.

Инчунин ҷорӣ гардидани ислоҳот дар низоми омори давлатӣ, такмили методологияи ҷамъоварии маълумот, рақамикунонии равандҳои оморӣ ва беҳтар шудани фарогирии субъектҳои хоҷагидор ба ҳисоботи оморӣ низ ба баланд гардидани шаффофият ва дақиқии нишондиҳандаҳои соҳа мусоидат намуд.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба соҳаи чорвопарварӣ 6 миллиарду 633,2 миллион сомонӣ рост омада, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,4 фоиз зиёд гардидааст. Ҳамзамон ҳаҷми маҳсулоти растанипарварӣ 928,2 миллион сомониро ташкил дода, 1,7 фоиз коҳиш ёфтааст, ки ба омилҳои мавсимӣ, тағйирёбии муҳлати кишт ва хусусиятҳои иқлимии аввали сол вобаста арзёбӣ мегардад.

Дар сохтори умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ҳиссаи асосӣ ба хоҷагиҳои аҳолӣ рост омада, 71,2 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулотро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда дар ВМКБ 96,4 фоиз, вилояти Суғд 73,3 фоиз, вилояти Хатлон 67,4 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 73,6 фоизро дар бар мегирад. Ҳиссаи хоҷагиҳои ҷамъиятӣ 14,2 фоиз ва хоҷагиҳои деҳқонӣ 14,6 фоизро ташкил додааст.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 3342 тонна картошка, 86 ҳазору 630 тонна сабзавот ва 2059 тонна мева истеҳсол карда шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта истеҳсоли картошка 4,4 баробар ва мева 1,8 баробар зиёд гардидааст.

Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди соҳа афзоиши саршумори чорво ба ҳисоб меравад. То 1 майи соли 2026 саршумори чорвои калони шохдор дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ ба 3 миллиону 69,7 ҳазор сар расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 261,5 ҳазор сар ё 9,3 фоиз зиёд гардидааст. Саршумори гӯсфанду буз низ ба 8 миллиону 214,1 ҳазор сар баробар шуда, 11,7 фоиз афзоиш ёфтааст.

Зиёд гардидани саршумори чорво ба татбиқи чораҳои дастгирии давлатӣ, беҳтар шудани заминаи хӯроки чорво, рушди хоҷагиҳои аҳолӣ ва деҳқонӣ, инчунин гузаронидани корҳои инвентаризатсияи саршумори чорво аз ҷониби мақомоти омори давлатӣ ва фаъолияти мунтазами мақомоти омори маҳаллӣ алоқамандӣ дорад. Зеро дақиқ намудани баҳисобгирии саршумори чорво ва фарогирии пурраи хоҷагидорон ба ҳисоботи оморӣ барои инъикоси воқеии нишондиҳандаҳои соҳавӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар сохтори умумии саршумори чорво ҳиссаи хоҷагиҳои аҳолӣ назаррас буда, 94,3 фоизи чорвои калони шохдор ва 81,6 фоизи гӯсфанду буз ба ҳамин бахш рост меояд.

Ҳаҷми истеҳсоли гӯшти чорвои калон ва майда дар ҳамаи категорияҳои хоҷагидорӣ ба 68 ҳазору 17 тонна расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,5 фоиз зиёд мебошад. Афзоиши истеҳсоли гӯшт дар вилояти Суғд 16,1 фоиз, вилояти Хатлон 10,7 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 12,4 фоизро ташкил додааст.

Ҳамзамон истеҳсоли гӯшти паранда ба 14 ҳазору 396 тонна расида, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,3 фоиз зиёд гардидааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рушди соҳаи парандапарварӣ дар натиҷаи васеъ гардидани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва зиёд шудани талаботи бозор таъмин гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли шир дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 300 ҳазору 149 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 фоиз афзоиш ёфтааст. Истеҳсоли тухм низ ба 415 миллиону 366 ҳазор дона расида, 2,3 фоиз зиёд гардидааст.

Ҳаҷми истеҳсоли пашм 1829,5 тоннаро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,9 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар ин давра инчунин 520 ҳазору 428 сар гӯсола ва зиёда аз 2 миллиону 704 ҳазор сар барраю бузғола гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 2,1 ва 4,7 фоиз зиёд мебошад.

Дар маҷмӯъ, натиҷаҳои моҳҳои январ–апрели соли 2026 нишон медиҳанд, ки соҳаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, татбиқи ислоҳоти соҳавӣ, баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ ва такмили низоми оморӣ марҳилаи рушди устуворро идома дода истодааст.




0 комментария к “РУШДИ УСТУВОРИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ: АФЗОИШИ ИСТЕҲСОЛОТ ВА ТАҲКИМИ ЗАХИРАҲОИ ЧОРВОДОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон