Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Паёми табрикии директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикии директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкасбони гиромӣ!

Бо камоли эҳтиром ва самимияти хос шуморо ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 6-уми ноябр таҷлил мегардад, табрик гуфта, бароятон саломатӣ, саодати рӯзгор, барори кор ва дар фаъолияти пурмасъулияти касбӣ муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям.

Конститутсия яке аз муқаддасоти миллӣ, рамзи соҳибихтиёрии давлат, таҷассумгари орзуву ормонҳои халқи тоҷик ва санади олии ҳуқуқиест, ки роҳи пешрафти ҷомеа, таҳкими давлатдорӣ ва таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандонро муайян менамояд. Қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи навини Тоҷикистон рӯйдоди бузургу тақдирсоз ба ҳисоб рафта, барои ташаккули низоми муосири давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ заминаи устувор гузошт.

Дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ, ки кишвар ба мушкилоти мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ рӯ ба рӯ буд, қабули Конститутсия қадами муҳим дар роҳи барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва муайян сохтани самтҳои минбаъдаи рушди давлат гардид. Бо роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон тавонист пояҳои давлатдории миллиро таҳким бахшида, ба марҳилаи нави рушду созандагӣ ворид гардад.

Арзиши бузурги Конститутсия дар он ифода меёбад, ки он на танҳо сохтори давлат ва низоми фаъолияти мақомоти ҳокимиятро муайян мекунад, балки инсон, ҳуқуқу озодиҳо, шаъну шараф ва манфиатҳои ӯро ҳамчун арзишҳои олӣ эътироф менамояд. Маҳз тавассути меъёрҳои он принсипҳои адолат, баробарӣ дар назди қонун, ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва масъулияти давлат дар назди ҷомеа таҳкими ҳуқуқӣ пайдо кардаанд.

Мутобиқи моддаи якуми Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, давлати иҷтимоӣ будани он уҳдадории давлатро дар фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи ҳар як инсон муайян менамояд. Ин меъёри конститутсионӣ барои татбиқи сиёсати иҷтимоӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар аҳаммияти хос дорад.

Дар шароити имрӯза, ки рушди устувори давлат аз сифати идоракунӣ, самаранокии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ ва қабули қарорҳои асоснок вобастагии амиқ дорад, риояи Конститутсия ва иҷрои талаботи қонунгузорӣ аҳаммияти боз ҳам бештар касб менамояд. Ҳар як сохтори давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ вазифадор аст, ки ба таҳкими қонуният, баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба давлат ва татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар саҳми арзанда гузорад.

Дар ин раванд, соҳаи омори расмӣ низ мавқеи муҳим дорад. Омори расмӣ ҳамчун манбаи боэътимоди маълумоти воқеӣ дар бораи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва демографии мамлакат барои арзёбии натиҷаҳои рушди миллӣ, таҳияи барномаҳои давлатӣ ва қабули қарорҳои муҳими идоракунӣ заминаи зарурӣ фароҳам меорад. Таъмини саҳеҳӣ, воқеънигорӣ, холисӣ ва дастрасии маълумоти оморӣ на танҳо талаботи касбӣ, балки масъулияти муҳими мо дар назди давлат ва ҷомеа мебошад.

Аз ин рӯ, мо кормандони соҳаи омори расмӣ, бояд дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ ба принсипҳои қонуният, масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва садоқат ба манфиатҳои миллӣ такя намуда, барои баланд бардоштани сифати маълумоти оморӣ, таҳкими эътимоди истифодабарандагон ва рушди минбаъдаи низоми омори расмии кишвар пайваста талош варзем. Зеро маълумоти дақиқу боэътимод барои шинохти воқеии дастовардҳо, муайян намудани мушкилот ва тарҳрезии ояндаи дурахшони Тоҷикистон нақши калидӣ мебозад.

Дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ, дар заминаи Конститутсия ва татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои стратегии давлат, Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Ин пешравиҳо натиҷаи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, заҳмати созандаи мардум ва сиёсати дурбинонаи роҳбарияти давлат буда, моро водор месозанд, ки барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва ободии Ватани азизамон боз ҳам бештар саҳм гузорем.

Эҳтиром ба Конститутсия, эҳтиром ба давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон, таърихи пурифтихор ва ояндаи неки Тоҷикистон аст. Ҳифз ва татбиқи арзишҳои конститутсионӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди бонангу номус ва пеш аз ҳама, масъулияти касбии хизматчиёни давлатӣ ба шумор меравад.

Бо чунин андешаҳои нек, бори дигар ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, орзу менамоям, ки дар фазои сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсӣ ҳамеша сарбаланду саодатманд бошед. Бигзор дар ҳар хонадон файзу баракат, дар ҳар дил муҳаббат ба Ватан ва дар фаъолияти ҳар яки мо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ба касб ва ифтихор аз давлатдории миллӣ ҳукмфармо бошад.

Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!




0 комментария к “Паёми табрикии директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон