Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОМОР

ПАЁМИ ШОДБОШИИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОМОР

Ҳамкасбони азиз!

Бо эҳсоси ифтихору сипосгузорӣ ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии омор самимона табрик мегӯям. Ин рӯз ҳамасола аз ҷониби кулли кишварҳои ҷаҳон ҷашн гирифта мешавад ва нишондиҳандаи арҷгузорӣ ба фаъолияти мутахассисоне мебошад, ки бо фаъолияти пурмасъулият ва заҳмати рӯзафзуни худ дар ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил ва паҳн намудани маълумоти оморӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Мову шумо хуб медонем, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир маълумот ва таҳлили дақиқи оморӣ сарчашмаи асосии сиёсати давлатӣ ва идоракунии самаранок ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти аҳаммияти баланди соҳа, дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми омори миллии мо таҳти роҳнамоии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳила ба марҳила рушд ёфта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Аз ҷумла, дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон қадамҳои муҳим дар самти такмили низоми миллии омор, ҷорӣ намудани усулҳои муосири ҷамъоварӣ ва коркарди маълумот, гузариш ба технологияҳои рақамӣ, электроникунонии ҳисоботҳо ва ҳамоҳангсозии нишондиҳандаҳо бо стандартҳои байналмилалӣ гузошта шуданд. Дар натиҷа, имрӯз мақомоти омор бо истифода аз имконоти технологияҳои муосири иттилоотӣ ва роҳандозии усулҳои нави корбарӣ тавонистааст ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва таҳлили маълумотро ба сатҳи сифатан нав барорад ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намояд.

Бо камоли масъулият метавон гуфт, ки имрӯз ҷорӣ шудани низоми электронии ҷамъоварии маълумот барои боло бурдани эътимоднокии маълумот, таҳкими коркард ва таҳлили илмӣ ва таъмини ниҳодҳои давлатӣ бо маълумоти дақиқу саривақтӣ мусоидат намудааст.

Ҳамкорони гиромӣ!

Баланд бардоштани малакаи мутахассисони соҳа ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти омор қарор дорад. Бо ташкили курсҳои омӯзишӣ, семинарҳо ва барномаҳои такмили ихтисос ҳам дар дохил ва ҳам бо ҳамкории ташкилотҳои байналмилалӣ дар кишварҳои хориҷ мо мехоҳем барои кормандони ҷавони соҳа заминаи устувори рушди касбиро фароҳам созем.

Ҳамчунин бояд таъкид намоем, ки дастовардҳои имрӯзаи мақомоти омор бе заҳмати софдилона, садоқати баланди хизматӣ ва ҳисси масъулияти шаҳрвандии ҳар як корманди ин соҳа имконнопазир мебуданд. Маҳз меҳнати софдилонаи шумо — кормандони мақомоти омор — боис гардид, ки маълумоти оморӣ дақиқияту фаврият касб намояд.

Шумо, ҳамкасбони муҳтарам, дар ҷамъоварӣ ва таҳияи маълумоти оморӣ софдилона саҳм мегузоред, то сиёсати давлатӣ ва барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии кишвари соҳибистиқлоламон дар асоси маълумоти воқеӣ ва дақиқ таҳия карда шаванд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки фаъолияти шумо барои рушди Ватани маҳбубамон ва осудаҳолии мардуми сарбаланди кишвар равона шудааст.

Бовар дорам, ки шумо минбаъд низ бо азму иродаи қавӣ ва садоқат ба Ватан барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварӣ ва коркарду паҳни маълумот талош хоҳед кард.

Ба ҳамаи шумо, кормандони мақомоти омор ва собиқадорони соҳа саломативу саодатмандӣ, хонаободиву хушбахтӣ, барори кор ва муваффақиятҳои нав дар фаъолияти масъулиятнокатон орзумандам.

Рӯзи ҷаҳонии омор муборак!




0 комментария к “ПАЁМИ ШОДБОШИИ ДИРЕКТОРИ АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАМШЕД НУРМАҲМАДЗОДА БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОМОР

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон