Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ОЗМУН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Агентии омор

ОЗМУН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Агентии омор

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Дастгоҳи марказии Агентӣ ва омори шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ

ОЗМУН эълон менамояд:

  • Шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус:

ёвари директор – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1798 сомонӣ 43 дирам;

сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1660 сомонӣ 00 дирам;

мутахассиси пешбар – 1ҷой, маоши мансабӣ 1352 сомонӣ 90 дирам;

  • Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ:

мутахассиси пешбар – 1ҷой, маоши мансабӣ 1352 сомонӣ 90 дирам;

мутахассис – 1ҷой, маоши мансабӣ 1112 сомонӣ 20 дирам;

  • Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист:

мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1352 сомонӣ 90 дирам;

  • Раёсати омори саноат ва инвеститсияҳо дар сохтмон:

сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1660 сомонӣ;

  • Шуъбаи нархҳо ва тарифҳо:

мутахассиси пешбар -1ҷой, маоши мансабӣ 1352сомонӣ 90 дирам;

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1112 сомонӣ 20 дирам;

  • Раёсати омори савдо ва хизматрасонӣ:

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1112 сомонӣ 20 дирам;

  • Раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молия:

мутахассис – 2 ҷой, маоши мансабӣ 1112 сомонӣ 20 дирам;

  • Шуъбаи молия ва ҳисобот:

мутахассиси пешбар – 1ҷой, маоши мансабӣ 1352сомонӣ 90 дирам;

  • Бахши коргузорӣ ва назорат:

мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1352 сомонӣ 90 дирам;

  • Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода:

мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1112 сомонӣ 20 дирам;

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 913 сомонӣ 00 дирам;

  • Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ:

мутахассиси пешбар- 1 ҷой, маоши мансабӣ 1112 сомонӣ 20 дирам;

  • Шуъбаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҳикистон дар ноҳияи Шаҳринав:

мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1062 сомонӣ 40 дирам;

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 871 сомонӣ 50 дирам;

  • Шуъбаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод:

сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1427 сомонӣ 40 дирам;

  • Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод:

мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1062 сомонӣ 40 дирам;

  • Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш:

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 891 сомонӣ 90 дирам;

  • Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Роғун:

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 913 сомонӣ 00 дирам;

Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор

мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 871 сомонӣ 50 дирам;

Довталабон барои ишғол намудани мансабҳои холии зикршуда ба талаботҳои тахассусии зерин бояд ҷавобгӯ бошанд:

  • барои сармутахассисон – таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
  • барои мутахассисони пешбар – таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор), 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ барои Дастгоҳи марказӣ. (Барои мансаби мутахассиси пешбари мақомоти омори маҳаллӣ собиқаи корӣ муҳим нест);
  • барои мутахассисон – таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор);

Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», забони давлатӣ, забони хориҷӣ ва кор бо компютер барои ҳамаи довталабон ҳатмӣ мебошад.

  • Довталабон ба Комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:

– аризаи шахсӣ ба унвонии директори Агентӣ;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;

– тарҷумаи ҳол;

– 2 дона расми андозаи 3х4;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

– маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);

– маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038).

– маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк (аз мақомоти андози маҳали зист);

– нусхаи шиноснома;

– нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

  • Довталабон метавонанд ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд: ш.Душанбе, кӯчаи Бохтар 17, утоқи кории №30 ва №31

Тел: 227-63-24; 221-57-21;

Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо давоми 21 рӯз пас аз нашри эълон дар саҳифаи рӯзномаи Ҷумҳурият.




0 комментария к “ОЗМУН барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар Агентии омор

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...