Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ОМӮЗИШИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН, НАМОЯНДАГОНИ АҲЛИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ МАМЛАКАТ

ОМӮЗИШИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН, НАМОЯНДАГОНИ АҲЛИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ МАМЛАКАТ

Тавре ба ҳамагон маълум аст, 9 марти соли ҷорӣ дар Кохи Ваҳдат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бо масъулини мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин мулоқот карданд.

Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар оид ба ҷараёни татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” андешаронӣ карда, аз аҳли ҷомеаи кишвар риояи қатъии муқаррароти қонунҳоро талаб намуданд.

Ҳамчунин дар ин мулоқот муҳтарам Сарвари давлат бо овардани оятҳо аз китоби муқаддаси дини Ислом «Қуръон» исломро дини тарбия, покизагӣ, тинҷию оромӣ, дини инсонпарварӣ, дини иззату эҳтиром байни одамон дар рӯи Замин ва арзишҳои миллӣ унвон намуданд.

Дар робита ба ин, имрӯз, дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба шарҳи нуктаҳои суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказии Агентӣ, МД “Маркази кулли ҳисоббарор” ва Сарраёсати омори шаҳри Душанбе ҷамъомад доир карда шуд.

Муовини якуми Директори Агентии омор Асо Нурулло Асват мулоқоти Роҳбари давлат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакатро нишонаи арҷгузории Пешвои миллат ба дини мубини ислом ва талқини омӯзиши ин дини муқаддасро, ки маҳаки асосии пешравии ҷомеа, худшиносӣ ва инсонгароӣ мебошад, ифодагари адабпарварию соҳибмаърифат будани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвон намуд.

Дар ҷамъомад Асо Нурулло ба масъалаҳои тарбияи дурусти насли ҷавон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон, махсусан кормандони соҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, риояи ҳатмии талаботи қонунҳои амалкунанда ва роҳнамоии наздикону пайвандонро дар самти пешгирии хурофотпарастиву ифротгароӣ, бегонапарастиву тақлидкорӣ ва дигар омилҳои номатлубе, ки ҷомеаро ба ташвиш овардааст, амри зарурӣ донист. Ҳамзамон аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллатро сармашқи кору зиндагӣ қарор дода, дар такомули ҳисси баланди миллӣ ва худшиносии шаҳрвандон, инчунин ҷиҳати пешгирӣ аз ҳар зуҳуроти номатлуб саҳм гузоранд.

Дар идомаи ҷамъомад Набизода Абдувалӣ, сардори Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентии омор дар мавзӯи “Хатари терроризм ва эктремизм ҳамчун зуҳуроти номатлуби ҷомеаи ҷаҳонӣ” маърӯза намуда, таъкид дошт, ки ин ду падидаи номатлуб боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш, таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнини рӯҳонию ҷисмонӣ, таҷовуз ба ҳаёти инсон, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионии кишварҳои ҷудогона, ғасби ҳокимият, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегардад. Терроризм ва эктремизм дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.

Зеро дар бисёр мавридҳо ба назар мерасад, ки ифротгароён дар зери шиорҳои динӣ баромад намуда, аз номи дин ҳарф мезананд ва амалҳову аъмоли худро аҳкоми динӣ мешуморанд, ки ин пеш аз ҳама, ба хотири сӯистифода аз шуури динии мардум равона гардида, ҳеҷ рабте ба арзишҳои динӣ ва аҳкоми он надорад. Яъне, ин амалкард ва рафтори барғалат боз ҳам аз бединию хоинӣ ва ақоиди пасти чунин гурӯҳҳо дарак медиҳад.
Дар иртибот ба масоили матраҳгардида борҳо Сарвари кишвар, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд: “Терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”, гувоҳӣ он аст, ки ин амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин ва аҳкоми он надоранд.

  • Сипас, Неъмонов Маҳмадӣ, сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Агентӣ доир ба нақши падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон баромад намуда, таъкид дошт, ки ояндаи миллат вобаста ба таълими фарзанд аст, аз ин хотир волидони имрӯзаро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надода, пайваста дар талош бошанд, ки баҳри рӯҳияи насли наврас ба вуҷуд овардани ҳисси меҳантдӯстиву худшиносии миллӣ асос гузорад.

Сардори МД “Маркази кулли ҳисоббарорӣ”-и Агентии омор Саидакбар Қурбонов риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» вазифаи ҳар як шаҳрванди ба ору номус ҳисобида, қайд кард, ки мардум бояд дарк намоянд, ки қонуни мазкур барои баланд бурдани сатҳи некуаҳволии мардум, беҳтар гаштани шароити зиндагии мову шумо равона шудааст.

Ҳамзамон дар ҷамъомад сардори Сарраёсати омори шаҳри Душанбе Сафарализода Даврон оид ба нуктаҳои асосии суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа ва ходимони дин ибрози назар намуда, таъкид дошт, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои падаронаи муҳтарам Пешвои миллат имрӯз моро зарур аст бо якдиливу дастҷамъӣ ба масоили боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ, дарку омӯзиши арзишҳои муқаддаси дини мубини ислом, бахусус мазҳаби ҳанафӣ, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи худшиносии милливу ифтихори ватандорӣ ва таҳаммулгароиву инсондӯстии онҳо эътибори ҷиддӣ диҳем.

  • Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири суханронияшон зикр намуданд:

“Мо бояд иттиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани миллии мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст”.




0 комментария к “ОМӮЗИШИ СУХАНРОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН, НАМОЯНДАГОНИ АҲЛИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ МАМЛАКАТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...