Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

ОМОРИ ХАТЛОН. КИШОВАРЗӢ САМТИ АФЗАЛИЯТНОК ВА ПЕШБАРАНДАИ ИҚТИСОДИ ВИЛОЯТ

ОМОРИ ХАТЛОН. КИШОВАРЗӢ САМТИ АФЗАЛИЯТНОК ВА ПЕШБАРАНДАИ ИҚТИСОДИ ВИЛОЯТ

Дар вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 11 миллиарду 953,7 миллион сомонӣ баробар шуда, ин нишондиҳанда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 6,0 фоиз зиёд аст.

 

Ин матлабро Қурбон ҲАКИМЗОДА, сардори Сарраёсати омори Хатлон зимни суҳбат бо хабарнигори маҷаллаи “Ҳарфи омор”, иброз доштааст.

 Кишоварзӣ самти афзалиятнок ва пешбарандаи иқтисоди вилоят маҳсуб меёбад. Ин аст, ки фаъолияти истеҳ­солии кишоварзон давра ба давра рў ба афзоиш ниҳода, ҳиссаи вилояти Хатлон дар маҷмуи умумии маҳсулоти кишоварзии мамлакат 64,1 фоизро ташкил медиҳад.

 Ҳаҷми ис­теҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар шаш моҳи соли 2023 9 миллиарду 732,3 миллион сомониро ташкил намуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106,2  дарсад афзудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ 2 миллиарду 221,4 миллион сомонӣ ё 105,2 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра 75301 тонна мева истеҳсол шу­дааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 17,7 фоиз зиёд мебошад.

 Ба иттилои масъулин, барои ҳосили соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 434315 гектар кишти зироатҳо гузаронида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 511 гектар зиёд шуда, 100,1 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, кишти зироатҳои ғалладона (бо ҷуворимакка) 192167 гектарро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 124 гектар ё 0,1 фоиз зиёд мебошад.

 Кишти зироатҳои техникӣ бошад, дар ҳамаи шаклҳои хољагидории вилоят ба 134637 гектар расонида шуда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1849 гектар ё 1,4 фоиз зиёд аст, ки аз ин 123251 гектарашро кишти пахта дарбар мегирад.

 Бояд гуфт, ки яке аз сабабҳои асосии баланд гардидани ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар вилоят, ин фарогирии фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ, бо тартиби муайян тибқи дастурамалҳои тартибдодашуда ҳисоб намудани маҳсулоти кишоварзӣ, баҳисобгирии дурусти саршумори чорво ва дигар чорабиниҳо ба шумор мераванд.

 Чанд рӯз қабл, Сарраёсати омори Хатлон ҷаласаи ҷамъбастии худро дар бораи ҷамъбасти фаъолияти нимсола баргузор намуд, ки дар он аз иҷрои 406 кори оморӣ, ки сад фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил додааст, гуфта шуд.

 Таъкид гардид, ки дар Сарраёсат ҷиҳати дастуру супоришҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба соҳаи омор зикршуда, корҳои назаррас тибқи нақшаи чорабиниҳо ба сомон расонида шуда истодааст.

 Дар ин давра аз ҷониби мутахассисони соҳа таҳқиқотҳои интихобии “Бозорҳои фурўши чорво ва автомобил, нуқтаҳои фурўши сўзишвории мошин ва маводи сўхту равғанҳои молиданӣ, мағозаҳо, қаҳвахонаҳо, тарабхонаҳо, ошхонаҳо, дорухонаҳо аз рўи ҳамаи шаклҳои моликият”, гузаронида шуд.

 Бо мақсади амалишавии ҳадафи чоруми миллӣ, яъне саноаткунонии босуръати кишвар фарогирии пурраи субъектҳои истеҳсолӣ, рўйхати пурраи осиёбҳо, коргоҳҳои равғанбарорӣ, коргоҳҳои коркарди шолӣ ва нонвойхонаҳо ҷамъоварӣ ва ба Дастгоҳи марказии Агентии омор пешниҳод карда шуданд.

 Дар доираи омодагӣ ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарори раиси вилоят ба тасвиб расида, дар он комиссия оид ба сохтмони иншооти ҷашнӣ, гурўҳҳо ва зергурўҳҳои корӣ ташкил гардиданд. Раванди корҳои сохтмонӣ имрўзҳо вусъа­ти тоза гирифта, масъулону бинокорон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда талош менамоянд, ки ин ҷашни пурарзишро сазовору арзанда истиқбол гиранд.

 

 Шумораи корхонаҳои пудратии фаъолияткунанда дар вилоят 156 адад буда, ба маблағи 599,6 миллион сомонӣ корҳои пудратиро иҷро кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 78,2 миллион зиёд мебошад.

 Тибқи ҳисоботҳои оморӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 иншоотҳои сохташуда ва аз таъмири куллӣ баровардашуда ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ 6260 ададро ташкил дода, дар асоси қарор ва санадҳои комиссияи қабули давлатӣ 1447 адад ба расмият дароварда шудааст, ки 23,1 фоизро ташкил медиҳад.




0 комментария к “ОМОРИ ХАТЛОН. КИШОВАРЗӢ САМТИ АФЗАЛИЯТНОК ВА ПЕШБАРАНДАИ ИҚТИСОДИ ВИЛОЯТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...