Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Нишасти матбуотии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нишасти матбуотии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

4 августи соли 2022 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори маҷлисгоҳи Агентӣ бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ гузаронид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони рӯзномаю маҷаллаҳо, шабакаҳои иттилоотӣ, телевизион ва радио, аз ҷумла: АМИТ «Ховар», агентиҳои “Спутник Россия”, “Авесто”, шабакаҳои телевизионии “Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, ШТР “Мир”, радиоҳои “Ховар”, “Радиои Тоҷикистон”, “Садои Душанбе”, “Овози тоҷик”, “Озодӣ”, рӯзномаву маҷаллаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум», «Народная газета», «Ҷавонони Тоҷикистон», “Минбари халқ”, «Омӯзгор», “Халқ овози”, “Пайк”, саҳифаи интернетии “Radiotoj” иштирок намуданд.

То оғози нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 ва вазифаҳои минбаъда то охири сол, инчунин дар бораи нишондиҳандаҳои вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пахши иттилоотӣ пешниҳод карда шуд. Барои истифодабарӣ маводҳо, аз ҷумла: гузориш оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 (бо забонҳои давлатӣ ва русӣ), гузориш оид ба вазъи демографии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 (бо забонҳои давлатӣ ва русӣ) ва маърӯзаи фишурда дар бораи натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти мақомоти давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2022 пешниҳод  гардид.

Дар нишасти матбуотӣ Директори Агентии омор Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дар бораи натиҷаҳои ҷамъбастии фаъолияти мақомоти омор дар нимсолаи аввали соли 2022 ва нақшаву вазифаҳои дар пеш истода, ҳисоботи муфассал манзур намуд.

Ҳамзамон ба рӯзноманигорон дар муҳокимаи мавзӯъҳои вобаста ба соҳаи омор аз ҷониби Директори Агентӣ, муовинони Директор ва сардорони раёсату шуъбаҳои соҳавӣ посухҳои мушаххас манзур карда шуд.

Аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба мавзӯъҳои соҳавӣ саволҳои зерин пешниҳод гардиданд:

– тарзи муайян намудани сокини 10 миллионуми Тоҷикистон;

– буҷети хонавода;

– меъёри сабади истеъмолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– содироту воридот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– нархи маҳсулоти озуқа;

– шумораи бекорон;

– сармоягузории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраҳо. 

Ба саволҳои аз ҷониби намояндагони воситаҳои ахбори омма вобаста ба масъалаҳои ба мақомоти омор мансубиятдошта, аз ҷониби Роҳбарияти Агентии омор ҷавобҳои мушаххас дода шуд.




0 комментария к “Нишасти матбуотии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...