06.11.26
Муовини якуми директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асо Нурулло Асват дар ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври чоруми Шарҳи универсалии даврӣ (ШУД), ки 5 ноябри соли 2026 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария баргузор гардид, иштирок намуд.
Ҷаласаи мазкур бо иштироки ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён баргузор гардида, ба баррасии раванди иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии кишвар дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон бахшида шуд.
Зимни ҷаласа ҳайати Тоҷикистон гузориши миллиро оид ба иҷрои тавсияҳои даври қаблии Шарҳи универсалии даврӣ ва пешрафту дастовардҳои кишвар дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон муаррифӣ намуд.
Дар гузориш, аз ҷумла, масъалаҳои қабули Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон то соли 2038, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», манъи ҷазои ҷисмонӣ нисбат ба кӯдакон дар тамоми муҳитҳо, қабули Қонун «Дар бораи ҳуқуқ ва ҳифзи иҷтимоии маъюбон», татбиқи Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023–2027, инчунин рушди таҳсилоти фарогир ва беҳтар намудани дастрасии кӯдакони дорои маъюбият ба таҳсил мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Дар идомаи ҷаласа, дар доираи муколамаи интерактивӣ намояндагони 98 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайати Тоҷикистон саволҳо пешниҳод намуда, тавсияҳои худро ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани низоми ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ироа карданд.
Иштироки намояндаи Агентии омор дар ҳайати расмии кишвар аҳаммияти истифодаи маълумоти оморӣ ва нишондиҳандаҳои дақиқро дар арзёбии вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, таҳлили равандҳои ҷамъиятӣ ва мониторинги иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, бозгӯ менамояд.
Гуфта мешавад, ки талошҳо ва тадбирҳои андешидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати такмили низоми миллӣ оид ба пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа баҳои баланд гирифт.
0 комментария к “Муовини якуми директори Агентии омор дар ҳайати расмии Тоҷикистон дар даври чоруми Шарҳи универсалии даврӣ иштирок намуд”