Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ НАМОЯНДАГИИ ҶАМЪИЯТИ ОЛМОН ОИД БА ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ (GIZ) ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ НАМОЯНДАГИИ ҶАМЪИЯТИ ОЛМОН ОИД БА ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ (GIZ) ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

8 августи соли равон мулоқоти Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед бо Сабине Олтхоф, директори намояндагии Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (GIZ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамроҳонаш сурат гирифт.

 Мавзӯи асосии мулоқот роҷеъ ба банақшагирии энергияи барқароршаванда дар доираи лоиҳаи нави минтақавии “Энергияи таҷдидшаванда дар Осиёи Марказӣ” равона гардида буд.

 Дар ҷараёни мулоқот Нурмаҳмадзода Ҷамшед татбиқи лоиҳаи мазкурро дар амалишавии ҳадафҳои энергетикии минтақаи Осиёи Марказӣ муфид арзёбӣ намуда, ҳамзамон зикр намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар самти омӯзиши амиқу дақиқи вазъи захираҳои энергетикӣ ва манбаъҳои барқароршавандаи энергетикӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

 Ҳамзамон дар мулоқот, нақши маълумоти шаффофу босифати омории соҳаи энергетика дар таҳияи нақшаву барномаҳои давлатӣ ва ба ин васила дар таҳкими амнияти энергетикӣ муҳим арзёбӣ гардид.

 

Дар идома, масъалаи таҳқиқоти хонаводаҳо оид ба муайян намудани вазъи захираҳои энергетикӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи самараноки он мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

 Нурмаҳмадзода Ҷамшед ҳадафи асосии гузаронидани таҳқиқоти мазкурро дар муайян намудани талаботи иқтисодиёти мамлакат ба захираҳои энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳи шаффофияти маълумотҳо ва дар ин замина, қабули қарорҳо ҷиҳати таъмини амнияти энергетикӣ, такмили сохтори истеҳсолии маҷмӯи сӯзишворию энергетикии кишвар, таҳияи тавозуни сӯзишворию энергетикӣ мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ маънидод намуд. 

 Ҷониби олмонӣ омодагии худро барои ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи пешниҳодҳои зикргардида изҳор карда, ҷонибҳо хоҳиши тарафайнро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ тасдиқ намуданд.

 Дар мулоқот роҷеъ ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳори назар карда шуд.




0 комментария к “МУЛОҚОТ БО ДИРЕКТОРИ НАМОЯНДАГИИ ҶАМЪИЯТИ ОЛМОН ОИД БА ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ (GIZ) ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...