Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО КОРМАНДОНИ ҶАВОНИ МАҚОМОТИ ОМОР БАРГУЗОР ГАРДИД

МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО КОРМАНДОНИ ҶАВОНИ МАҚОМОТИ ОМОР БАРГУЗОР ГАРДИД

Имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти озоду самимии Директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо як қатор кормандони ҷавони мақомоти омор, ки қисми онҳо тайи чанд моҳи охир ба фаъолият ҷалб гардидаанд, баргузор шуд.

Зимни вохӯрӣ масъалаҳои вобаста ба фаъолияти хизматӣ, тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои оморӣ, баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносӣ, риояи интизоми меҳнат, истифодаи самараноки технологияҳои муосир, инчунин мушкилоту камбудиҳои мавҷуда дар ҷараёни кор мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Кормандони ҷавон вобаста ба шароити фаъолият, такмили донишҳои касбӣ, омӯзиши барномаҳои соҳавӣ ва роҳҳои беҳтар намудани сифати маълумоти оморӣ фикру пешниҳодҳои худро иброз намуданд. Таъкид гардид, ки роҳбарияти Агентӣ ҳамеша ҷонибдори дастгирии ташаббусҳои ҷавонон буда, барои фароҳам овардани муҳити мусоиди корӣ ва рушди касбии онҳо тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Директори Агентии омор зимни суҳбат иброз дошт, ки имрӯз ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи давлату миллат ба ҳисоб рафта, аз ҳар як корманди ҷавон масъулияти баланд, ҳисси ватандӯстӣ, садоқат ба давлату миллат ва муносибати ҷиддӣ ба касб тақозо мегардад.

Аз ҷумла қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳу ғамхории махсус зоҳир намуда, барои таҳсил, фаъолияти босамар ва рушди ҳамаҷонибаи онҳо шароити мусоид фароҳам овардаанд. Мо низ вазифадорем, ки ба ин ғамхориҳо бо меҳнати содиқона, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва хизмат ба манфиатҳои давлат ҷавоб гардонем.

Ҳамзамон ба кормандони ҷавон тавсия дода шуд, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбӣ пайваста талош намуда, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва усулҳои муосири коркарди маълумоти оморӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.

Дар анҷоми мулоқот таъкид карда шуд, ки мақомоти омор ба ҷавонони соҳибтахассус ва ташаббускор ниёз дошта, ҷалби неруҳои ҷавон яке аз самтҳои муҳими сиёсати кадрии Агентӣ ба ҳисоб меравад.




0 комментария к “МУЛОҚОТИ СУДМАНД БО КОРМАНДОНИ ҶАВОНИ МАҚОМОТИ ОМОР БАРГУЗОР ГАРДИД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон