31.10.26
Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя, рушди иқтидори истеҳсоливу содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна, ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз, то 1 январи соли 2029 мораторий эълон карда мешавад.
Ин иқдом идомаи сиёсати пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии соҳибкорӣ, ҳифзи манфиатҳои соҳибкорон ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба шумор рафта, барои тақвияти фаъолияти бахши хусусӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар ҷиҳати рушди истеҳсолот заминаи мусоид фароҳам меорад.
Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси Сарвари давлат дар давраи солҳои 2008–2026 чандин маротиба нисбат ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон гардида, ин иқдомҳо дар рушди соҳибкорӣ, бахши истеҳсолӣ, ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ нақши муҳим гузоштаанд. Мораторийҳои қаблӣ, аз ҷумла, ба коҳиш додани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти озоди соҳибкорон мусоидат намуданд.
Тибқи муқаррароти фармони мазкур, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки дар муҳлати як моҳ ҷиҳати иҷрои он санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро пешниҳод намояд. Муносибатҳои вобаста ба татбиқи мораторий дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ба танзим дароварда мешаванд. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва тартиби татбиқи мораторийро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро таъмин менамояд.
Татбиқи чунин тадбирҳои дастгирӣ дар шароите, ки шумораи субъектҳои хоҷагидор ва соҳибкорони инфиродӣ дар кишвар тамоюли афзоиш дорад, аҳаммияти хосса касб мекунад.
Тибқи маълумоти Регистри давлатии корхонаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҳолати 1 октябри соли 2026 дар ҷумҳурӣ, бо дарназардошти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва идораҳои давлатии дар Вазорати адлия бақайдгирифташуда, дар маҷмуъ 401,1 ҳазор субъекти хоҷагидор ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 42,5 ҳазорро шахсони ҳуқуқӣ ва 358,6 ҳазорро соҳибкорони инфиродӣ ташкил медиҳанд.
Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор 18,2 ҳазор адад ё 4,8 фоиз зиёд гардидааст. Аз ҷумла, шумораи шахсони ҳуқуқӣ ҳазор адад (2,4 фоиз) ва соҳибкорони инфиродӣ 17,2 ҳазор адад (5,0 фоиз) афзоиш ёфтааст.
Ҳамзамон, дар ин давра дар ҷумҳурӣ 1771 адад шахсони ҳуқуқии навтаъсис ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора қисми бештари онҳо ба шаҳри Душанбе – 663 адад ё 37,4 фоиз рост меояд. Инчунин, дар вилояти Суғд 417 адад (23,5 фоиз), ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 334 адад (18,9 фоиз), вилояти Хатлон 287 адад (16,2 фоиз) ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 70 адад (4,0 фоиз) шахсони ҳуқуқии навтаъсис ба қайд гирифта шудаанд.
Дар сохтори субъектҳои хоҷагидор соҳибкорони инфиродӣ мавқеи назаррас дошта, шумораи онҳо ба ҳолати 1 октябри соли 2026 ба 358,6 ҳазор нафар расидааст. Аз ин ҷумла, 41,7 ҳазор нафар тибқи шаҳодатнома, 61,1 ҳазор нафар тибқи патент, 72,2 ҳазор нафар тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус ва 183,6 ҳазор нафар дар шакли хоҷагии деҳқонӣ фаъолият менамоянд.
Муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта нишон медиҳад, ки шумораи соҳибкорони инфиродии фаъолияткунанда 17,2 ҳазор нафар ё 5,0 фоиз зиёд шудааст. Аз ҷумла, шумораи соҳибкорони тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус фаъолияткунанда 6,3 ҳазор нафар ё 9,6 фоиз, тибқи патент 6,3 ҳазор нафар ё 11,5 фоиз, тибқи шаҳодатнома 2,6 ҳазор нафар ё 6,6 фоиз ва соҳибкорони инфиродии хоҷагии деҳқонӣ 2,0 ҳазор нафар ё 1,1 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар давраи ҳисоботӣ раванди таъсиси субъектҳои нави соҳибкорӣ низ идома ёфта, дар маҷмуъ 34 ҳазору 46 соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин шумора 6 ҳазору 181 нафар тибқи шаҳодатнома, 11 ҳазору 471 нафар тибқи патент, 12 ҳазору 631 нафар тибқи шаҳодатнома бо шартҳои махсус ва 3 ҳазору 763 нафар дар шакли хоҷагии деҳқонӣ фаъолиятро оғоз намудаанд.
Метавон гуфт, ки нишондиҳандаҳои омории соҳаи соҳибкорӣ аз тамоюли афзоиши шумораи субъектҳои хоҷагидор, зиёд гардидани соҳибкорони инфиродӣ ва таъсиси субъектҳои нави иқтисодӣ шаҳодат медиҳанд. Эълон гардидани мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна низ ҳамчун тадбири муҳими дастгирии давлатӣ метавонад ба таҳкими ин раванд, баланд бардоштани фаъолнокии соҳибкорӣ ва густариши фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар мусоидат намояд.
0 комментария к “МОРОТОРИЙ БА САНҶИШҲО ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР ДАСТГИРИИ СОҲИБКОРӢ ВА РУШДИ ФАЗОИ МУСОИДИ ИҚТИСОДӢ”