Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

МАСЪАЛАҲОИ ТАҲКИМИ НИЗОМИ ОМОР ВА ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БАРРАСӢ ШУДАНД

МАСЪАЛАҲОИ ТАҲКИМИ НИЗОМИ ОМОР ВА ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БАРРАСӢ ШУДАНД

Дар ҷаласаи навбатии назоратӣ, ки имрӯз дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, Директори Агентӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба масъалаи омодагии ҳамаҷониба ҷиҳати таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки муовинони директор, сардорони раёсату шуъбаҳо, сарраёсатҳо ва воҳидҳои сохтории Агентӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ вазифадоранд корҳои марбут ба ҷамъоварӣ, коркард ва пешниҳоди саривақтии маълумоти омории боэътимод ва босифатро боз ҳам тақвият бахшанд. Ҳамзамон баланд бардоштани сатҳи таҳлил ва истифодаи нишондиҳандаҳои оморӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти соҳавӣ арзёбӣ гардид.

Дар ҷаласа махсус таъкид шуд, ки тамоми чорабиниҳо вобаста ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми омор, таҳкими инфрасохтори иттилоотӣ, беҳтар намудани сифати маълумот ва густариши равандҳои рақамикунонӣ бояд дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 баён гардидаанд, амалӣ карда шаванд.

Яке аз самтҳои муҳими муҳокимашуда такмили минбаъдаи низоми ҳисоботи оморӣ ва гузариш ба шаклҳои рақамии ҷамъоварии маълумот мебошад. Дар ин замина зарурати кам кардани сарбории ҳисоботдиҳандагон, ҷорӣ намудани механизмҳои муосири коркард ва интиқоли маълумот, инчунин таъмини шаффофият ва дақиқияти нишондиҳандаҳои оморӣ таъкид карда шуд.

Ҳамзамон дар ҷаласа ба масъалаи ободонию созандагӣ, баланд бардоштани сатҳи муҳити корӣ ва беҳтар намудани шароити инфрасохторӣ дар худи Агентӣ ва ҳамаи воҳидҳои сохтории он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Таъкид шуд, ки корҳои ободонӣ бояд на танҳо дар сатҳи марказӣ, балки дар мақомоти маҳаллии омор мунтазам, мақсаднок ва дар асоси нақшаҳои мушаххас амалӣ карда шаванд. Тозаву озода нигоҳ доштани биноҳои хизматӣ, беҳтар намудани шароити корӣ, таъмиру навсозии утоқҳои корӣ, сабзгардонӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои созандагии муҳити зист аз самтҳои муҳими фаъолият арзёбӣ гардид.

Гуфта шуд, ки татбиқи ин тадбирҳо ҳамчун ҷузъи муҳими омодагиҳо ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба ҳисоб рафта, ифодаи масъулияти баланди кормандон дар назди давлат ва ҷомеа мебошад.

Дар фарҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки иҷрои босифат ва саривақтии супоришҳо, таҳлили амиқи маълумот, истифодаи усулҳои муосири таҳлилӣ ва муносибати ҷиддӣ ба вазифаҳои хизматӣ омили асосии баланд бардоштани нуфузи мақомоти омор ва саҳми арзанда дар омодагиҳо ба ҷашни бузурги миллӣ мебошад.




0 комментария к “МАСЪАЛАҲОИ ТАҲКИМИ НИЗОМИ ОМОР ВА ОМОДАГӢ БА ҶАШНИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ БАРРАСӢ ШУДАНД

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон