Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

КОНСТИТУТСИЯ – ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ, ПОЙДОРИВУ БАРДАВОМИИ ДАВЛАТ

КОНСТИТУТСИЯ – ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ, ПОЙДОРИВУ БАРДАВОМИИ ДАВЛАТ

“Бо қабули Конститутсия дар инкишофи давлатдории Тоҷикистон марҳалаи нави таърихӣ оғоз гардид ва он моро ба дигаргуниҳои азими сиёсиву ҳуқуқӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва созандагиву бунёдкорӣ роҳнамоӣ кард”

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Бо назардошти ин, метавон гуфт, ки Конститутсия аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, пойдевори ҳуқуқии давлати наву соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Бо дарки чунин масъулияти таърихӣ 6 ноябри соли 1994 сокинони кишвар дар фазои озод дар раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона иштирок карда, аксари мутлақи онҳо (беш аз 87 фоиз) ба ҷонибдории Конститутсия раъйи худро изҳор доштанд. Имсол Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи 34-юмин солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, ки барҳақ поягузори ҳукумати конститутсионӣ, давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, таҷлил мегардад.

Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум воқеан санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад.Тавре ба ҳамагон маълум аст, дар солҳои 1991-1992 кишвари моро бӯҳрони конститутсионӣ фаро гирифт, ки ин боиси риоя нашудани талаботҳои Конститутсия, қонунҳои амалкунанда ва дар маҷмӯъ фалаҷшавии рукнҳои ҳокимияти давлатӣ гардид.Ин амал ба он оварда расонид, ки бесарусомониҳо ва муқовимати шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайвастанд.

Яке аз дастовардҳои хеле муҳим ва бузурги ҷомеаи мо дар бахши қонунгузорӣ, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардид, ин заминагузорӣ ба таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.Аз ин рӯ, аз нахустин рӯзҳои барқарории ҳокимияти конститутсионӣ дар кишвар Комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд. Вазифаи Комисияи мазкур омухтану аз бар намудани таҷрибаи ғании қонунэҷодкунии ҷомеаи муосири ҷаҳонӣ ва бо дарназардошти хусусиятҳои хоси давраи гузариши мамлакат таҳияи Коститутсияи нав ба шумор мерафт. Яъне дар ин санади сарнавиштсоз таҷрибаи пешрафтаи ҷомеаи мутамаддини дунё ба назар гирифта шудааст.

Мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ 30-сол муқаддам аввалин маротиба имконияти таърихӣ ва ҳуқуқии қабули бевоситаи санади волои миллии худро амалӣ сохта, ба шарофати он пойдевори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро таҳким бахшид. Таҷрибаи қабули конститутсия дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистони мо баръало нишон медиҳад, ки он ҳамчун ҳуҷҷати бисёр муҳимми сиёсӣ ва санади олии ҳуқуқӣ бо истиқлоли давлатӣ робитаи ногусастанӣ дорад.

Мутаассифона, эълони истиқлол дар кишвари мо ба давраи ниҳоят мураккаби сиёсӣ ва буҳрони шадиди конститутсионӣ рост омад.

Президенти мамлакат дар яке аз баромадҳои худ таъкид намуданд, ки фақат қабули Конститутсия метавонист барои ҳифзи истиқлол, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам кардани заминаҳои сиёсиву ҳуқуқӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии давлат, шароити мусоиди ҳуқуқиро фароҳам орад.

Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчунин “маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар” номида шуда, таъкид гардид, ки “ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, ба устуворсозии пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд”.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар он авзои бисёр вазнину ҳассос дар сатҳи баланди сиёсию ҳуқуқӣ таҳия намудани Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ва аз ҷониби мардум пазируфта шудани онро “дастоварди бузурги миллӣ” номида, ба халқи Тоҷикистон ва ҳамаи аъзои гурӯҳи кории таҳияи лоиҳаи Конститутсия, ки бо вуҷуди вазъияти сиёсии он замон изҳори миннатдории баён намудаанд.

Бо итминон метавон изҳор дошт, ки Ҳукумати кишвар баробари қабули Контитутсия фаъолияти худро дар асоси талаботи он ба роҳ монда, дар пешрафту рушди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон мунтазам иқдомҳои созандаро роҳандозӣ намуд.

Имрӯз ба таърихи начандон тӯлонии давлатдории навинамон назар андохта, нақши муҳими Конститутсияро, пеш аз ҳама, дар таъсиси заминаи ҳуқуқии ташкили низоми нави мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва пойдевори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон метавон таъкид кард. Аз ин рӯ, Конститутсия ҳамчун санади олии сиёсӣ барои амалӣ гардидани ҳокимият аз ҷониби халқ ва иштироки ҳар як шаҳрванд дар идоракунии ҷамъиятиву давлатӣ замина гузошта, баробарии ҳамаро дар назди қонун, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ ва фаъолияти озоди соҳибкориро дар кишвар кафолат медиҳад.

Зеро танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги қонунфаҳмиву қонуншиносии қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус ҷавонони мамлакатро вусъат бахшида, масъулияти онҳоро дар ободиву шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон баланд бардорем.

Таҷлили 32-юмин солгарди нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки шоҳсутун ва бахтномаи давлати Тоҷикистон ва давлатдории миллии тоҷикон маҳсуб меёбад, барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон рӯйдоди воқеан таърихӣ ва тақдирсоз мебошад.




0 комментария к “КОНСТИТУТСИЯ – ШОҲСУТУНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ, ПОЙДОРИВУ БАРДАВОМИИ ДАВЛАТ”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон