Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Дар доираи таҷлили сазовори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи нақшаи муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Конститутсия-бахтномаи миллат ва рамзи соҳибистиқлолӣ» баргузор гардид.

Дар кори конференсия муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Зарина, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наботзода Сиёвуш, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқҳои соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Забирзода Некрӯй, раисону муовинони ташкилотҳои ҳизбӣ, намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия ва аъзои ҳизб иштирок намуданд.

Конференсияро муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Зарина оғоз намуда, паёми табрикии директори Агентиро ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самъи иштирокдорон расонид.

Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқии кишвар дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин рушди устувори ҷомеа нақши муҳим дорад. Қайд карда шуд, ки эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як шаҳрванд буда, барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ заминаи устувор фароҳам меорад.

Дар идома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наботзода Сиёвуш доир ба аҳаммияти таърихию сиёсии Конститутсия, нақши он дар рушди давлатдории миллӣ ва таҳкими арзишҳои демократӣ андешаронӣ намуданд.

Ҳамзамон, сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои молиявӣ ва ҳуқуқҳои соҳибкорони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Забирзода Некрӯй оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун ва аҳаммияти меъёрҳои конститутсионӣ дар ҷомеа ибрози назар намуд.

Зимни конференсия иштирокдорон доир ба аҳаммияти таърихию сиёсии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши он дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини волоияти қонун, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ андешаронӣ карданд.

Зикр гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи устувори рушди давлатдории миллӣ, суботу оромӣ ва пешрафти ҷомеа буда, эҳтиром ва риояи меъёрҳои он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.

Дар фарҷоми чорабинӣ як қатор фаъолон барои саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои оинномавию барномавии ҲХДТ ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятиву сиёсӣ бо Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.




0 комментария к “КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ ВА РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ”

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон