Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

КОҲИШИ ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ҶУМҲУРӢ: НАТИҶАҲОИ СЕМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026

КОҲИШИ ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ҶУМҲУРӢ: НАТИҶАҲОИ СЕМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026

Дар натиҷаи тадбирҳои амалишудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти назорат дар самти таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, дар семоҳаи якуми соли 2026 вазъи ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоюли нисбатан устувор ва коҳишёбандаро нишон медиҳад.

Дар моҳҳои январ–марти соли 2026 дар ҷумҳурӣ 6336 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 5573 ҳолат ё 88,0 фоиз аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратура ба қайд гирифта шуда, 763 ҳолат ё 12,0 фоиз ба дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рост меояд.

Нишондиҳандаҳои умумӣ аз коҳиш ёфтани шумораи ҷиноятҳо шаҳодат медиҳанд. Дар давраи ҳисоботӣ шумораи умумии ҷиноятҳо 1,7 фоиз кам гардида, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе 8,2 фоиз ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 11,4 фоиз коҳиш ёфтааст. Ҳамзамон, дар вилояти Суғд 0,3 фоиз ва вилояти Хатлон 5,5 фоиз афзоиш ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин давра 1415 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,8 фоиз кам мебошад. Коҳишёбии назаррас дар як қатор намудҳои ҷиноятҳо мушоҳида мегардад, аз ҷумла ҳолатҳои куштор ва сӯиқасд ба он 51,7 фоиз, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 32,3 фоиз, таҷовуз ба номус ва сӯиқасд ба он 18,2 фоиз, дуздӣ 3,9 фоиз, қаллобӣ 4,5 фоиз ва авбошӣ 3,3 фоиз коҳиш ёфтаанд.

Ҳамзамон, дар баъзе самтҳо афзоиш низ ба қайд гирифта шудааст. Аз ҷумла, ҳолатҳои ғоратгарӣ 26,1 фоиз, ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир 36,6 фоиз ва вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳҳо 1,5 фоиз зиёд гардидаанд.

Дар самти ҷиноятҳои иқтисодӣ 837 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3,7 фоиз кам мебошад. Аз ин шумора мақомоти корҳои дохилӣ 355 ҷиноятро ошкор намуда, аз рӯи 343 ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Ҳамзамон, дар моҳҳои январ–марти соли 2026 117 ҳодисаи вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳҳо бо оқибатҳои вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 9,3 фоиз кам мебошад.

Сатҳи умумии ошкоркунии ҷиноятҳо дар давраи ҳисоботӣ 57,7 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (56,7 фоиз) беҳтар гардидааст.

Дар маҷмӯъ, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда вазъи ҷинояткорӣ дар кишвар тамоюли коҳишёбӣ дошта, сатҳи ошкоркунии ҷиноятҳо тадриҷан беҳтар мегардад.




0 комментария к “КОҲИШИ ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ҶУМҲУРӢ: НАТИҶАҲОИ СЕМОҲАИ ЯКУМИ СОЛИ 2026

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон