Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Қадронии кормандони Агентии омор бо мукофотҳои давлатӣ

Қадронии кормандони Агентии омор бо мукофотҳои давлатӣ

Тибқи анъана ба истиқболи 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат ба намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла кормандони соҳаи илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва коргарону бинокорон, соҳибкорон, хизматчиёни давлатӣ ва сарбозону афсарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу сохторҳои низомӣ, барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ, саҳми арзанда дар рушди илму фарҳанги мамлакат, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни халқҳо, мукофотҳои давлатӣ, рутбаҳои баланди низомӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ супорида шуд.

Лозим ба зикр аст, ки барои хизматҳои шоёни меҳнатӣ Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Ҳасанзода Гулнора Кенҷа бо ордени “Шараф”, дараҷаи 2 қадрдонӣ шуд.

Илова ба ин, дар толори маҷлисгоҳи Агентӣ дар вазъияти ботантана аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор кормандони Агентӣ низ мукофотҳои давлатӣ супорида шуд. Дар чорабинии бошукӯҳ Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимзод Абдураҳмон Достӣ, кормандони дастгоҳи марказии Агентӣ, МД “Маркази кулли ҳисоббарорӣ” ширкат варзиданд. Ҷаласаро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Г. К. оғоз намуда, барои таваҷҷуҳи пайваста ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти кишвар изҳори миннатдорӣ намуд. Сипас Ҳалимзод А. Д. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои сазовор гардидани кормандони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қироат намуд. Барои фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ сардори Раёсати регистри корхонаҳо, ташкилот, таснифот ва ташкили ҳисоботи омории Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Раҷабова ва сардори шуъбаи молия ва ҳисоботи Агентӣ Сабурова Назира бо нишони “Хизмати шоиста” ва муовини директори Агентӣ Қиёмиддин Давлатзода бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста шуданд.




0 комментария к “Қадронии кормандони Агентии омор бо мукофотҳои давлатӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...