30.12.24
Имрӯз зимни ҷаласаи назоратии назди Директори Агентии омор Ҷурабойзода Зебо, сардори Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалии Агентӣ бинобар сабаби расидан ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ дар вазъияти тантанавӣ ба нафақа гусел гардид. Ҳамзамон барои хизматҳои шоён аз тарафи Директори Агентии омор бо Ифтихорномаи Агентӣ қадрдонӣ шуд. Ҷурабойзода Зебо аз шумори мутахассисони варзидаи соҳаи омор маҳсуб мешавад.
Ӯ соли 1988 Донишгоҳи милли Тоҷикистон (дар он вақт Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин)-ро бо ихтисоси банақшагирии саноат ба итмом расонда, аз ҳамон сол фаъолияташро ба ҳайси иқтисодчии шуъбаи таъминоти иттилоотии омори саноати Маркази кулли ҳисоббарории Кумитаи давлатии омори РСС Тоҷикистон оғоз намудааст.
Ҷурабойзода дар тӯли фаъолияти босамари меҳнатӣ ва хидматҳои созанда дар рушди соҳаи омор бо ифтихорномаву мукофотҳои зиёди соҳавӣ қадрдонӣ гардидааст. Ҳамчунин аз тарафи Роҳбари кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали “Хидмати шоиста” низ сарфароз гаштааст.
Директори Агентии омор Ҷамшед Нурмаҳмадзода аз хизматҳои шоиста ва фаъолияти босамари Ҷурабойзода Зебо изҳори сипос ва қаноатмандӣ намуда, саҳми ӯро дар оянда низ барои тарбия ва роҳнамоии кадрҳои ҷавон зарур шуморид.
0 комментария к “ҶУРАБОЙЗОДА ЗЕБО – САРДОРИ РАЁСАТИ ҶАМЪБАСТУ ТАҲЛИЛИ ИҚТИСОДӢ ВА РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ВАЗЪИЯТИ ТАНТАНАВӢ БА НАФАҚА ГУСЕЛ ГАРДИД”