Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҷорӣ гардидани системаи ҷамъоварии маълумотҳо дар самти бақайдгирии нархҳои ҳафтаина аз бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Ҷорӣ гардидани системаи ҷамъоварии маълумотҳо дар самти бақайдгирии нархҳои ҳафтаина аз бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Тибқи нақшаи Лоиҳаи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ (ФАО) дар якҷоягӣ бо Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди банақшагирӣ ва татбиқи ҷамъоварии маълумотҳои таҳқиқотии нархҳои ҳафтаина (Нархҳои миёнаи маҳсулоти озўқаворӣ, машруботи спиртӣ ва сўзишворӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ) ва ҷиҳати истифодаи барномаи нави электронӣ, аз ҷониби ФАО пешниҳод гардид.

Рунамоии барномаи мазкур аз чониби коршиноси байналмиллали Racionzer, Paul дар санахои  29 май то 5 июни соли 2023 барои мутахассисони  макомоти омори минтакавӣ, дар самти бақайдгирии нархҳои ҳафтаина, пешкаш гардида шуд.

Мавриди зикр мебошад, ки бо истифода аз барномаи мазкур на танҳо чамъоварии нархҳо, балки таҳлил муқоисакунӣ ва тағйироти онҳоро дар якчанд давраи муайн бо истифода аз системаи нави бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад.    

Хамзамон, система имкон медиҳад, ки маълумотро дар телефони мобилӣ васл намуда нархҳоро тариқи он сабт намуда ирсол намоем.

Ҳадафи дигари лоиҳаи мазкур бартараф намудани якчанд мушкилӣ мебошад, ки ин пеш аз ҳама

– ҷамъоварии маълумотҳои саривактӣ;

– эътимоднокии  маълумотҳо;

– чамъоварии маълумотҳои саҳеҳ ва воқеӣ;

ва албатта муқоисапазир будани маълумотҳо ба шумор меравад.

Қайд намудан зарур аст, ки  системаи мазкур пилотӣ буда, дар миёни давлатҳои ИДМ танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ хоҳад гардид.




0 комментария к “Ҷорӣ гардидани системаи ҷамъоварии маълумотҳо дар самти бақайдгирии нархҳои ҳафтаина аз бозорҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...