Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҷараёни ҷамъоварии пахта дар хоҷагии деҳқонии “Парвоз 7” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос гардид

Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҷараёни ҷамъоварии пахта дар хоҷагии деҳқонии “Парвоз 7” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос гардид

Роҳбари гурӯҳи корӣ бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои саҳроӣ, аз ҷумла рафти ҷамъоварии пахта, аз хоҷагии деҳқонии “Парвоз 7” воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз дидан намуд. Зимни боздид аён гардид, ки дар саҳро пахта фаровон буда, масъулинро зарур аст бо афзун намудани шумораи чинакчиён тамоми ҳосилро саривақту беталаф ҷамъоварӣ намоянд. Иттилоъ дода шуд, дар хоҷагии мазкур ҳудуди замини пахта 4,5 гектарро ташкил дода, барои чиниши пахта аз чинакчиён аз ҳисоби сокинони гарду атроф ҷалб гардидаанд.

Имсол кишоварзони ноҳия дар саҳро ҳосили хуб парвариш кардаанд ва ин аст, ки аз хурд то бузурги мардуми заҳматкаши ноҳияи Ҷаббор Расулов бо дасту дили гарм дар маъракаи чиниши пахта фаъолона иштирок намуда, бо ин васила ҳам дар баланд бардоштани вазъи иқтисодиашон ва ҳам ворид намудани тиллои сафед ба хирмани кишвар саҳм мегузоранд.

Барои ҳавасманд шудани коргарони хоҷагӣ, чинакчиёни фаъолу пешқадам бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

Аз тарафи роҳбари гурӯҳи корӣ ба кишоварзон ва масъулини соҳа бо истифода аз боду ҳавои муносиб барои муташаккилона ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахта ва саривақт пардохт кардани маблағи чинакчиён, инчунин омодагӣ ба кишти тирамоҳӣ супоришҳои мушаххас дода шуд.




0 комментария к “Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҷараёни ҷамъоварии пахта дар хоҷагии деҳқонии “Парвоз 7” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос гардид

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон