Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҷамъомад оид ба моҳияти маъракаи муҳимми сиёсии ҷомеа – интихоботи вакилон

Ҷамъомад оид ба моҳияти маъракаи муҳимми сиёсии ҷомеа – интихоботи вакилон

Рӯзи 23-юми январ дар маҷлисгоҳи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба моҳияти маъракаи муҳимми сиёсии ҷомеа – интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, ки санаи 1 марти соли 2020 баргузор мегардад, бо иштироки коршиносони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Маҳмудов Изатулло, Саъдизода Ҷаҳонгир, Собирзода Исфандиёр, роҳбарият ва кормандони Агентии омор, Сарраёсати Агентии омор дар шаҳри Душанбе ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷамъомад баргузор гардид. Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ Муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Давлатзода Қиёмиддин ифтитоҳ намуданд.

Сипас, коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ Маҳмудов Изатулло дар бораи мақсаду мароми баргузории маъракаи мазкур суханронӣ намуда, қайд карданд, ки  Номбурда аз он ҷумла ёдовар шуд, ки Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 4 – уми декабри соли 2019, таҳти №1380 «Дар бораи таъин намудани интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» ба тасвиб расидааст, ки дар асоси Фармони мазкур санаи 1-уми марти соли 2020 дар мамлакат маъракаи муҳимми сиёсӣ – интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот доир карда мешавад.

Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки мутобиқи моддаи 6-уми Конститутсияи мамлакат: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.

Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст».

Аз ин муқаррароти конститутсионӣ бармеояд, ки интихобот шакли ифодаи бевоситаи иродаи халқ аст, ки бо мақсади ташкили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва ё додани ваколат ба шахси мансабдор мутобиқи Конститутсия ва қонунҳо гузаронида мешавад.

Зикр гардид, ки интихобот ҳамчунин шакли махсуси ифодаи бевоситаи ҳокимияти халқ аст. Дар ин маъракаи сиёсӣ иродаи мардум, ки тавассути интихобот инъикос меёбад, ташкилкунандаи ҳокимияти давлатист. Тавассути интихобот мақомоти намояндагии марказӣ ва маҳаллии давлат ташкил карда мешавад.

Дар давоми ҷамъомад, коршиноси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ – Саъдизода Ҷаҳонгир оид ба моҳияти интихобот, марҳилаҳои баргузории он, ҳуқуқи интихобкунандагон бо такя аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ муфассал суханронӣ намуд.

Зикр гардид, ки яке аз нишондиҳандаҳое, ки баҳри тавсифи низоми интихоботӣ зарур мебошад, ин муқаррар намудани сатҳи мақомоти намояндагие мебошад, ки мардум барои ташаккули он овоз медиҳанд. Вобаста ба ин, дар Тоҷикистон интихобот ба мақомоти намояндагӣ сесатҳа мебошад. Вобаста ба ин, зикр намудан зарур аст, ки меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ вобаста ба ҳар як сатҳи интихобот ба мақомоти намояндагӣ фарқкунанда буда, тарзи махсуси ташкили корро тақозо менамоянд. Аз он ҷумла фарқият дар сензи синусолӣ, ки ҳангоми интихоб шудан дар ҳар се сатҳ мавҷуд аст, ба монанди синни 30-сола барои узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, 18-сола барои вакили маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва 20-сола барои маҷлиси ҷамоат муқаррар шудааст.

Сипас, коршиноси Комиссияи мазкур – Собирзода Исфандиёр дар бораи вақту ҷойи овоздиҳӣ, тарзи пур кардани буллетенҳои овоздиҳи ва дигар масъалаҳои марбут ба маъракаи мазкурро шарҳ доданд.

Ҷамъомадро Муовини Директори Агентии омор муҳтарам Давлатзода Қиёмиддин ҷамъбаст намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки бо дарки масъулияти  шаҳрвандӣ барои дар сатҳи баланд баргузор гардидани маъракаи интихобот бояд саҳми арзандаи худро гузорем.




0 комментария к “Ҷамъомад оид ба моҳияти маъракаи муҳимми сиёсии ҷомеа – интихоботи вакилон

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Президент Таджикистана

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон

Шумо ҳисоботи омориро тариқи утоқи шахсӣ месупоред?

Просмотреть результаты

Loading ... Loading ...